Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар ҳаст, сараш бояд гирифт.
Ҷилойи ватан кардани бисёр бузургони мо аз ин ҷост... Хубаш, ман намоз гузорам; намози ҷанозайи хешро».
Ў як қабат миёнбанди саҷҷодаро кушода рўйи тобасанги сафеди тоза густурд, ки дар хобаш Гули Бодом аз авҷи фалак поён омада, бар ҳамин тахтасанги мармарӣ бархўрда, чаҳор дасту пояш фурў ба қаъри санг рафта, ҳайкал гашта буд ва шоир аз пушти лучи асп афтида ба ҳамин тахтасанги монанд ба тобут парчин шуда буд; «он хобу ин таъбир...» ва салот кашид: «Салоти ҷаноза!... Салоти ҷаноза!... Салоти ҷаноза!!!»
Мардуми Кўҳистон, ки баробари ба намоз даъват карданро шунидан сўйи садо метохтанд, ҳама карахт буданд мисоли кўҳҳойи гарону сангӣ. Касе майли бо Туғрал дар намоз саф кашидан надошт; ё агар майл дошт, аз тарс қадаме пеш намегузошт; шиғбаст девора гирифта буданд сари бора. Моно касеро аз фирор бозмедоштанд; монанд ба он ки шикорчиёни ҷамъияти ибтидойӣ аз беяроқиву аслиҳайи шикор надоштан сайдро пешандоз ба бунбасте оварда чунин иҳота мегирифтанд, то раҳо наёбад. Вале ҳолиё беҳушона ва ноогоҳ гирд гирифтаанд нодонҳо ва ноилоҷҳо ва ду саф сайёдони хунхору одамкуш – сафе пешу сафе пушти издиҳом, силаҳдор қарор доранд, ки мор роҳи гурез наёбад. Ҷуз худи шоир мусулмоне нест, ки ҷанозаашро хонад: «Тарс чунин, ваҳм чунин:
шояд аз он бошад, ки кўҳистониён донанд, ки кофирон душмани мусулмонро гоҳи намоз кушанд, зеро дар намоз раги гардани онон нарм гардад ва танҳо аз паси гардан шамшергир шавад. Чаро издиҳоми сангӣ шўр намебардорад? Аз мурдан тарсанд онҳо; ҷони хеш ҳимоя кунанд, «Пас чаро омадед?!» (Онҳо аз садойи шоир ба худ омаданд ва акси садоро аз кўҳи Нидо шуниданд. Вале ба маънийи он сарфаҳм нарафтанд.) Хислати одам чунин: касе баройи касе ҷон фидо накунад, вале ҳама умр зўри беҳуда занад, ки ҷойи дигареро гирад. Ҳамааш беҳуда... лек одам аз кўтоҳақливу нодонӣ ба ин чиз сарфаҳм намеравад. Садойи ҷоҳилону нодонон, ки баландтар асту ҳама зўр ба гулўдарронӣ сарф мекунанд, ақли гўлаконро медуздад. Зеро онҳо ба чизҳойи надидаашон, ба суханҳойи нашунидаашон бовар мекунанд...» Шоири нозуктабъу тундмиҷоз хашму ваҷоҳати сарҳанги баднияту «кўр» ва камони сари дасти тирандозонро дида тарзи мурдани сайдҳояшро пеши назар овард, ки чӣ бо ранҷу азоб ҷон канда-ҷон канда, то нафаси вопасин аз сайёд гурехтанӣ шуда мемурданд; боли шикаста, пойи маҷрўҳу маъюб ва тани тирзадаро кашола карда аз чашми одам ғайб задан мехостанд: кабки тир ба чашм хўрда рост ба авҷи фалак бар шуда, ҷонаш мебаромад ва мисоли каллайи бурида мўйҳо парешон, чаппаву роста зер меомад ва бо вазне, ки дошт, бар санг бархўрда устухонҳояш пора мегашт; мурғи ҳулол баробари тир хўрдан аз сари шахча чун мунда сарозер мешуд; ғизоли гурезон каллапо мерафт ва чанд ғел гашта ба ҷонбозӣ медаромад ва ҷонканийи сайдҳойи бегуноҳ...

пешина
аз 421
навбатӣ