Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ғеҷ-ғеҷон пойи бараҳнааш сангкўб гашта дар сари нишебӣ байти дигар гуфт:

«Шамъ баъди куштани парвона қасди хун кунад,
Хуни ноҳақ шўълайи домони ноҳақ мешавад».

«Чӣ мегўяд?»
Тарҷумон айнан тарҷума карда натавонист ва ҳарос дошт, ки ўро ҳам қатори Туғрал гузорад.
«Тарҷума намешавад, командир».
«Дашном? Таҳқир?!»
«На. Умуман маънояш дар як калима ҷой шудааст...»
«Кадом?»
«Ноҳақ...»
«Чӣ хел ноҳақ?! Шумо кўред?! Шабона хоб накарда, тирҳоро ҳамроҳи аспаш бурда ба душман диҳад, ки сурхҳоро парронед! Чӣ ҷойи ноҳақӣ?! Чӣ ҷойи тўҳмат?! Ту низ аз ҳамонҳойӣ?!»
«Маъзур? командир... Ман аз рўйи хоҳиши шумо мағзи байтро тарҷума кардам...»
«Парронед!!!»
Аён набуд, ки ин фармон ба кӣ равона карда шудааст.
Ва ў миёни панҷ нафар камондор бастадаст, сари бараҳнаву вале баланд, пойи луч, лек қавию устувор пайроҳайи аллакай аз бурофуройи сарбозон шиббахўрдаро нишеб шуда лаби рўд омад.
Магар дар саргаҳ тори халқи Зарафшон борон боридааст ва ё пирч аз қисмати шоири борҳо ин ҷойҳоро зиёраткарда, аз қатраҳойи гирёни он хўрдаву сару рўй шуста огоҳ гаштааст, ки шохоб гилолуд меояд. Шояд аз задухўрди аскарони сурх ва аксулинқилобчиёни масчоҳӣ хуну хок омехта бо шохоб чунин хинг гашта бошад.

Ду нафар аз дўстони Нақибхон Туғрал – Шарифу Раҷаб аз миёни издиҳоми бохабар аз кирдор ва роҳгузарони аз пасту боло омада, ки чанде пеш аз ин роҳ убур карданашон амри муҳол буд, ҳолиё тамошобин шудаанд; онҳо аз байни касон сар халонда ё бархеро беҳушона тела дода, ба худ роҳ кушода девонавор пеш мераванд, то чашмашон ба чашми бародарашон афтад. Сарбозони аскари сурхро ба ин чиз коре нест ва ҳатто фаромўш кардаанд, ки хавфи аз тарафи Масчоҳ омадани душман ҳаст; инчунин шиносони гирёну нолон аз тарси сиёсати ҷангийи аскарон даҳони ҳайрат кушода, ҳамоно даст ба даҳан мебаранд, то фарёдашон набарояд.
Зеро ҳолати рўзгор дўсткуши душманпарварро мемонд. Мулло Раҷаб, ки аз худи лаби ҷўйбори Сияҳоб чунин рафтори нохуб ва ноомадеро пай бурда буд, дигар тоқат карда натавониста, душмани рўёрўро рафиқ ном гирифт:

пешина
аз 421
навбатӣ