Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва ҳам биме дошт аз сарҳанг Шатенин, то ба чашмаш наафтад, ки ба ҷодугарӣ муттаҳам мекард. Ҳарчанд ҷаҳд дошт, ки ҷуз ному ёди худо дар намоз чизи дигар пеш наояд, хоби нобаҳангом осуда намегузошт; кўшиш дошт, то намозро набурад; шайтон ба дилу сару забонаш чизи беҳуда наандозад.
Баъди ин ҳама Туғрал аспи паси харсангро ҷўё шуд, пайдо накард. Оби сард рехт аз сараш. Ба харсанги гарону қавӣ, ки аз замин рўйида буд, такя аз бемадорӣ зада, аз миёни шахҳойи баланд ба осмони ранги бунафшча гирифта нигарист ва андешае аз сараш гузашт: «Ҷуз Худо касе чунин офаридгорӣ карда натавонад». Лек мадораш намонд. Гўйӣ нерўе, ки дар вуҷудаш буд, бо арақ якҷоя аз зери пўст зада баромад ва шоири бо бедодиҳо номуросоро нимҷон кард. «Ман ба гапу калочайи бадгўён аҳамияту эътибор намедодам. Лек баъд аз ин калака мекунанд маро…
Ин кори дўст аст ё душман ва ё душмани дўст? Намефаҳмам». Ба сараш ҳазору як хаёл, савол ва андешайи муҳокимаву натиҷа меомад, аммо ҳеҷ кадомеро дошта наметавонист, то сабабгори ғайб задани тавсанаш гардад: «Шояд назди модиёне рафта бошад чу Рахш?» Рафтанӣ шуд ин сўву он сў. Мадораш нарасид. Тахтапушт ба харсанг сойида, нишаст.
Дидбонҳо бедор шуданд. Аспе сайҳа кашид. Парешон ба ду ҷониб нигаристанд онҳо, ки мабод душман омада бошад. Ҳама баробар ҷаста хестанд. Ҷойи хуфтайи Туғрал холӣ буд.
Шатенин чун шағоли сайд аз даст дода дандон сойид ва аз ғазаб ангушт мушт карда ситезид, ки душман аз даст додааст.
«Аспаш куҷост?»
Чунин пурси Шатенинро Туғрал шунид. Аммо баройи аз ҷой рост шудан ё посух гуфтан мадор надошт.
«Аспаш ҳам нест!»
Посух омад. Командири ба ғазаб омада ғуррид гургона:
«Аз таги замин бошад ҳам, пайдо мекунед!»
Туғрал ҳарчанд намефаҳмид сабаби ғазаб кардани ўро, фоли бад донист: «Бозиест бо қисмати ман...» Овоз бароварданӣ шуд, натавонист. Сурфид. Сурфааш паст буд ва садойи шохоби Масчоҳ имкон намедод садояш ба он соҳил гузарад. Худ ба худ нам мекашид ва такрор мекард дар сар, ки сохтанд: «Сохтанд, ҳамаашро сохтанд; аз аввал то охир. Ҳамон ки маро бе ягон огоҳӣ ба ин даста ҳамроҳ карданд, балое дошт. Зеро тарҷумонҳойи беҳтар ва роҳбалади хубтаре доштаанд. Худи сарҳанг аз рўйи харита хол ба хол медонад ҷою ҷару ҷўйро. Ба асп тир бор кардану аспро гурезонидан ё дуздондан ҳам аз рўйи нақша аст. Беҳтар аз ин баҳонае нахоҳад буд. Ман ҳастаму асп нест. Бало ба дўши банда бор мегардад. Намедонам, Шатенин бо ман чӣ чизи ҳисса накарда дорад ва ўро чӣ бадие кардаам? Ба ҳар сурат механдад ба ҳоли ман... Худовандо! Худат мададгорам! Он қадар ба авҷи фалак баровардану ин қадар ба замин задан беҳуда набошад.

пешина
аз 421
навбатӣ