Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муқаддам духтарча сари даст баромада дарвозаро кушод. Асп рост ба сайисхона рафта, сари охур боз сайҳа кашид. Муқаддам дергоҳ дарвоза напўшид, ки савораш аз пас меояд. Ў рўз шуду наомад. Муқаддам парешон шуд. Ба хусус вақте ки хўрҷини бордорро дид ва дастак зада, замин канда сайҳа кашидани тавсанро низ, сахт парешон шуд. Аммо ин хабару ҳодисаро ба касе гуфта наметавонист. Кўдак дар бағал турми дарвоза шабро рўз кард, ки ана-ана эшони Туғрал қомати ниҳол баланд дошта чун ҳарвақта бовиқор, вале хеле ботамкин ришак кашида аз дар медарояд.
Духтарчайи дўстдоштаро сари даст гирифта дер навозиш мекунад, шеър мехонад, месарояд... сонӣ ба ҳуҷрайи шоириаш даромада либос бадал мекунад.
Муқаддам баройи ў дар обдастайи мисийи пурнақш ва сарпўшаш гунбаддор оби таҳорат ё дастшўйӣ нигаҳ медорад, то кай эшон аз хона барояд. Эшон баъзан дер мебарояд. Ба хусус вақтҳое ки аз шикор арақшор омада бошад, фикраш ҷўш зада, имрўз чанд мисраъ ё шеъре дар сар пазонда бошад, пари шоҳин ба давом зада рўйи сафҳа меорад. Сипас хандону осуда, рухсораҳояш суп-сурх аз гардиши тези хуну ҳаракати зиёд, обдаста аз дасти зани ҷавон мегирад, ки дергоҳ нигаҳ медошт... Вале ин бор обдаста сари марза аз бод най менавозад. Аз ҳар куҷо садойи тириқӣ барояд, Муқаддам он сў менигарад. Ва касеро надида дилаш ваҳм мекашад. «Ягон бор савор беаспу асп бесавор наомада буданд». Аз дил мегузаронад Муқаддам ва Муқаддари хурдакро бағал бардошта беруни дарвоза мебарояд. Касе наметобад.
Дар ин ҷо ҳам бедор шуданд. Дар миёни шахҳойи азим. Имшаб тамоми шаб Зарафшон навохт оҳанги ҷовидонаашро. Хоби афсарон бурд. Аммо ду танро хоб паррид. Шоир, ки дар орзуи достон хоб надошт. Командир Шатенин, ки фарҷоми чунин лашкаркаширо дарёфта наметавонист. Ба таври худ амреро дар сар мепазонд; аз рўйи донишу фаҳмиш амр ё ҳукмномаро ҳам мехонд.
Лек ин ҳама бо чӣ меанҷомад, намедонист. Ба ҳар тақдир, бисёр оварданд, ки Туғрал вонамуд мекунад, ки дўсти аскарони сурх аст, дар асл душман аст. Аз аксулинқилобчиён то замину обхоҳон ва шоирмаобҳойи беҳунар дасисаву ғаммозӣ доштанд ва пинҳону ниҳон ба сарфавҷи русӣ мерасониданд, ки Туғрал душмани шўрост, бо шумо морбозӣ мекунад. Аммо кифоя набуд ин ҳама даҳону забонбозиҳо…
Туғрал аз миёни шахҳойи баланд ситораеро меҷуст. Осмон танг метофт чунон ки аз чоҳ ба фалак нигарад; ситораҳо пайдо набуданд, ў вақтро гум карда буд; зеро одат карда буд, ки вақтро аз рўйи дар кадом гўша қарор доштани ситораҳо муайян кунад; ситорайи Корвонкаш наметофт, ситорайи Корвонкуш ҳам. Безобитагиаш аз он буд, ки зудтар чашми рўзро бинад. Вале насими рўд бўйи ҳулбўву сабзайи лаби ҷўйро овард. Бўйи доруйи камон ҳам омад аранге, вале боз зуд пароканд.

пешина
аз 421
навбатӣ