Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Сабру қарор гум кард. Сўҳбати хонайи Раҳмонқули урметанӣ чандон фараҳбахш наметофт. Дар сўҳбатҳойи пешин ҳар чӣ мусоҳибон мегуфтанд, бадиққат гўш медод ва сухан мекард бо фазлу одобу адаб ва ифтихор дошт, ки ҳамнишинон аз омўхтаву андўхтайи шоири мадрасадида заррае баҳра хоҳанд бардошт. Вале ҳолиё ҳушу ёдаш ба арўсак, ки чизе дар борааш намедонад ва агар хонадор шуда бошад, чаро арўс нонфурўшӣ кунад? «Бояд асрор ҳувайдо гардад».
Ба хок орам ба зўри панҷайи гуфтор ағёрат,
Агар дар ишқи ту бо ман кунад зўрозмойиҳо.
«Ман тифли шумо, навозишам кунед, Тўтихон!»
Ин ҳарфро низ ёд меорад, ки Тўтихон ғамбурораш шуд.
«Ман ҳамроҳи шумо меравам, худо накарда бо шумо коре шавад, дар Кўҳистон як ҷон намемонад...»
Ин мададгориро низ ёд овард Туғрал, ки Тўтихон ё хоб дида, нагуфт ва ё пешгўйӣ дорад. «Чаро ман «Осуда бошед, Тўтихон! Бо ман коре нахоҳад шуд...» гуфтаму хоби дидаашро напурсидам?»
Эй сипеҳри бемурувват, ин кадомин шева аст?
Нола месозам зи дастат то, чу нолам кардаӣ!
Дар ҳавои мўшикофӣ Туғралам пар мезанам,
Охир, эй гардун, маро дур аз висолам кардаӣ!
ОБДАСТАЙИ ҲАЙРОН
«Худоё! Ба тавсани ман кӣ қуттиҳойи тир бор карда бошад?
Бечора бе ин ҳам вазни маро базўр мебардошт. Аз пайваста рафтану бе йему беда мондан лоғар шуд; мадораш ҳам намонд. Айб буд маро, ки ба ҳазор дар сар халонда «ба аспони отряди русӣ йему хошок диҳед… илтимос!» гўям. Рўям дуд мекард. Зеро медонистам, ки аз дасти ғоратгарони болооб чизе намонда: на хўрокворийи ҳайвон, на хўрданийи одамӣ. Ин чӣ маънӣ дошта бошад, ки напурсида маро бар ин ҷонвари хаставу нимҷонгашта тир бор мекунанд, то хешону пайвандонро бо ин тирҳо сина сўзонанд. Чаро ин кўҳҳойи баланду устувор, ҳастиро ифода мекунад, абадиятро, безаволиро мефаҳмонад, ба сари бадхоҳон нагардад? Тир пештар ба оне расад, ки гуноҳе надорад; ғами миллатро мехўрад».
Ў хаёлан дида буд чунин ҳолатро; ба тавсанаш қуттиҳойи тир бор карданд. Баргашта нигарист, чашми хўрҷин паст, дар он ҷуз китобу дафтар ва як-ду либосворийи баройи зану фарзанд харида ва чаҳор нони осиёгийи самарқандийи Тўтихон баройи роҳ гузошта чизи дигар нест, хотираш ҷамъ шуд, ки ҳама чиз ба назараш менамояд бад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор