Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Баъди ғоратгариҳо сарбозони мири Масчоҳ бо талаву тороҷ ҳам чизе пайдо накарданд, то рўз гузаронанд. Ба назар чунин мерасид, ки аз ин водӣ малах гузашта, ҳама гулу гиёҳро то решааш лесида, лайс кардааст ва дубора сабзидани он амрест муҳол. На чорво хошок меёбаду на одам ғизо. Онҳо низ ба баҳонайи пеши роҳи лашкари сурхҳоро гирифтан ва сарзамини суғдиёнро ҳимоя кардан сўйи Фарғару Панҷакат сарзер шуданд...
... Дар ин айём чун лашкари Султонбеки масчоҳӣ ба мурдайи хеш мегирист, фавҷи ёрирасони сарҳанг Шатенин то Варзи Мунор расид.
Туғрал шод буд, ки ба мулкаш расид ва фардо дар зодгоҳаш- Зосун мешавад; ба ҳамраҳонаш хоку соҳати ҷойи хуни нофаш рехтаро хол ба хол мешиносонад ва табору пайвандонашро нишон медиҳад ва албатта, духтарчаашро, ки дар муддати сафар чӣ андоза пазмонаш шудааст. Гум занад дилаш баройи ў. Тамоми роҳ ин андеша дар сараш буд. Инак хоҳиши дидор аст. «Шояд ўро пеш аз ба хона расидан сари даст бардошта оранд?»
Миёни андешаҳойи шоириву хонадорӣ пора-пора воқеаҳойи Масчоҳ, ноҷўрийи рўзгор ва дўсту душмандорӣ дар мағзи сараш мегаштанд ва шоир аз ҳама нооромӣ ва макони шогирдони гвардиячиёни сафед гаштани болообро давр мегардонд дар сар ва оқибати онро пайдо карда наметавонист. Худ аз худ мағзаш гиҷ шуда, пеши чашмаш тира мегашт ва ҳама чиз чун зарраҳойи нури дар майна ҷойгашта ба фазо мерафтанд; на калимаеро ёд оварда метавонист ва на сатре сохта. Гуфтанӣ зиёд буд. Ният дошт, ки воқеаҳо дар достон нагунҷад, наср менависад. Зеро беҳтар аз ў касе хубтар дарки адабӣ карда наметавонад ин ҳамаро.
Танҳо офаридани симойи сарҳанг Шатенин: гиреҳи миёни абрў, нигоҳҳойи рамузгир ва ранги ботинийи ба рўй задааш зиёдтар аз як китоб мешавад. Аммо худ аз худ, бе ҳеҷ сабаб ба шоир сахту киноя гуфтанаш парвози суханварийи ўро неру мебахшад. Аммо ў намехоҳад, ки дар борайи кас бад гўяд. Бигзор ў нокас бошад!
Чун бо ҳазор ният ба озодиву ободийи ин мулку мардум некпиндор омадааст, эҳтиромаш бояд кард. Лек даҳони бадгўйи мардумро бо ҳеҷ даҳанбанд ва зару зевар пур карда нашавад, то бад гуфта натавонанд. Даҳонбандро хойида, зарро туф карда, албатта ягон ҳарфи нобоб хоҳанд гуфт.
Чунин андеша нав ба сараш зад, ки шояд касе аз нотавонбинону ҳасудон ё беҳунарон чизе расонда ба сарҳанги мармузхаёл, ки шоир дар гўяд, ў девор мефаҳмад. Ў медонад, ки бадбинон зиёданд: баройи як навбат об нарасидан, баройи як порча замин нагирифтан, баройи шеъри хуб навишта натавонистан, мисли Туғрал миёни мардум шўҳрат надоштану шеър гуфта натавонистан ўро бад мебинанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор