Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Кӣ пеш, худо донад. Бе ҳамин ҳам кам ҳастем! Якдигарро ба тўҳмату хусумат кушем, Масчоҳро кӣ муҳофизат мекунад?
— Ғами худатро хўр, мардак!
— Ана дидед?! Шумо ғами худатонро мехўред. Мехоҳед, ки ман ҳам танҳо ғами худамро хўрам. Ман агар ғами худамро мехўрдаму сир зери забон пинҳон медоштам, аз хона берун намеомадам! Намегуфтам! Шумо ба синни писарам: Маро «ту» мегўед! Аз мурдан метарсонедам! Ман мурам ҳам, аз дасти шумо намемурам. Худо муайян мекунад аҷали маро. Рост гуфта пеши шумо гунаҳгор шудам?
— Бас кун!
— Чаро бас кунам? Ту бас кун! Аз дасти ту баринҳо Масчоҳ вайрон мешавад! Ту барин тиррончакҳо нархи сабзиву пиёзро напурсида Масчоҳро ба душман пешкаш мекунанд! Шаттоҳиҳоят ҳама бозианд. Хок ба чашми мардум мезанӣ! Дўғмастӣ мекунӣ!
— Бузро шох хорад, қўши чўпон тит мекунад! Бардоред!
— Неее... Ту маро бардошта наметавонӣ! Ҳоло ҳеҷ саге нестӣ!
Аз пеши худ сарварӣ маталаб! Мо туро сарвар нахондаем. Ба роҳат бирав! Агар роғиён он намояндаҳоро озод карда бошанд, ягон гапро медонанд!
— Ҳоло ту бо собуни мо ҷомашўйӣ накардайӣ! – кина гирифт Тўрабек ва шўрид ба сари Ҳамдам: – Ба ҳамайи ин ту ҷавоб мегўйӣ! Мо ба худат бовар кардем, дўсти Шўроҳо будайӣ.
— Ин дағдаға баройи чӣ? Калид дар банди эзори дўстат Солеҳ!
Девори оғилро вайрон карда бурдаанд, ман аз куҷо донам!?
— Ба умеди пирхарҳо нашавед! Ҳаққи инҳо сари бора! Ковед!
Пайдо кунед! Онҳо пиёда дур рафта наметавонанд!
Ба ҳазор ҷустану кофтан Исову Маъруфхўҷаро дар соҳати Масчоҳ пайдо карда натавонистанд. Овоза шуд, ки онҳо то Уротеппа расида, ба Ҳукумати Советӣ арз кардаанд ҳама рафтору кирдори масчоҳиёни аксулинқилобиро ва аскар ғун карда лашкар ба Масчоҳ мекашидаанд. Зери чакмани душманони Шўро кайк даромад.
Дар аксари деҳаҳойи болооб омодайи ғазо гаштанд. Зеро овоза шуд, ки Ҳукумати Шўро ҳама чизро умумию миёна мегардонад; аз ҷумла зану духтаронро.
Ва рўзи дигар дар Пастиғав аксулинқилобчиён аз ҳар деҳа намоянда хонда маҷлис оростанд ва Султонбекро мир интихоб карданд. Ҳофиз Ҳасан ва Аҳмадхўҷаву Тўрабек ва чанде дигар дар аморати мирӣ ворид гаштанд. Гўё Масчоҳ соҳибдор шуд.
Баробари он овоза паҳн шуд, ки Исо бо дастайи пурзўру размида ба Оббурдон расида, он ҷо лона мегузорад, нафас рост карда, ба қасосгирӣ мепардозад. Гурўҳу дастаҳояшро ба деҳот фиристода сар аз тани сарбозони мирӣ ҷудо месозад. Сонӣ сари Султонбеку Тўрабекро сари найза бардошта, ба ҳукумати дар Уротеппа сохтаашон мебарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор