Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Султонбек рост мегўянд, бовар кунед. – Шерак шуда ба сухан пардохт Тўрабек. – Инаш ҳам майлашу ба мо гуфтанд, ки дўстони уротеппагӣ азоби сахт доранд, омадаанду дар ин муҳити тангу гирифта ҳеҷ кор карда наметавонанд.
— Не-не. Корамон нағз. Масчоиҳо меҳмоннавоз. Ёрӣ медиҳанд. Роҳ нишон медиҳанд. Ҳамроҳамон мераванд. – пўкид Маъруфхўҷа.
— Бар падарашон раҳмат. Ба мо дигар чиз гуфтанд. Гўё шумо маҳбусҳо барин аз хона берун омада наметавонед. Ба тарғиботу ташвиқотатон халал мерасонанд. Ин як тарафи масъала. Дарафи дигараш ин ки шумо боҷу хироҷ ҳам ҷамъ мекардаед...
— Андоз. Андози давлатӣ. Аз замину обу мол...
— Ҳамин хел-ҳамин хел...
— Мазмуни гапи Тўрабек ҳамин ки мардум ҳоло ба чизҳойи нав кам бовар мекунанд, ба сухани холӣ бовар надоранд. Чунки ваъдаву войиз ба дилашон задагӣ. Андозсупор ҳам. Аз рўзе, ки ман худама мешиносам, ҳамин чиз ҳаст. Мардум надоранд. Боҷчиҳо охирин моли мардумро гирифта мебаранд. Бетартибиҳо аз ҳамин ҷо сар мезанад. Посўхта ба лаби об метозад.
— Ҳамин хел...
— Гапҳойи Султонбек як китоб гап. Бо халқи Масчоҳ ниҳоят оҳиста муомила кардан лозим. Баъзеаш ваҳшӣ. Кўҳистонӣ-дия, санги сахт ҳам ба одам таъсир мекунад. Хўйи одамӣ аз хоки ҷойи зисти ўст. Мақсади омадани мо ҳамин ки ба шумо ёрӣ расонем.
Чӣ ёрӣ расонем?
Ба пурси Тўрабек чӣ гуфтанро надониста Исову Маъруфхўҷа нобоварона ба якдигар нигаристанд ва шона ҷамъ оварданд:
— Намедонем...
— Масалан, одамон андоз месупоранд?
— Ҳисоб не.
— Дидед, Тўрабек, – ба ҳамроҳаш рў овард Султонбек. – Мардум зада шудагӣ. Моргазида аз ресмони ало метарсад. Ба шумо, дўстони уротеппагӣ, масчоиҳойи ҳузарб бояд ҳамроҳ бошанд, ки гапашонро ба ин мардуми қайсар гузаронанд.
— Шумо ташвиш накашед, мулло Султонбек. Худамон як бало мекардагистем. Ҳоло боз ёрдамчиҳо меоянд.
— То табар омадан кунда осудааст. То онҳо меоянд, ки мо андозро чинда тамом мекунем.
— Андозчинӣ адошавӣ надорад...
— Ҳамин хелу шумо дўсти мо бошеду мо дўсти шумо, сухани моро гўш кунед. Аз хонашинӣ суде нест. Андози мардуми палоракӣ ва деҳоти атрофи онро ба мо месупоред. Зеро ин ҳалқон аз охури баланд йем хўрдагӣ ба ҳар кас сар намефуроранд. Мирнишин-дия.
Мардумони болорў, масалан: Ланглифу Деҳисору Деҳавз соданамо, зудбовар, камтар тарсончак ҳам ҳастанд. Баройи ҳамин дар пешгаҳ ҷой гирифтаанд, ки то душман ба ин ҷо расидан гурехта болойи пирч раванд...

пешина
аз 421
навбатӣ