Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Аз гулўяш ҷуз об чизе намегузарад». Асли воқеа дигар: Абдуҷалили дардманд аз бенавойӣ гўшанишинӣ ва гуруснанишинӣ кардааст. Дар суфрааш тирак занӣ, гарде нахезад. Дар хаммааш муш бозӣ кунад. Ба касе дасти ниёз намеёзад, ки додааш ҳамин қадар. Аз азал насиба чунин будааст. Вагарна метавонист маро чоплус офарад, беору номус офарад, ҳаромхўр офарад ва ман бо чунин дода ифтихор карда, лаганбардор, косалес, хушомадгўй шуда, ишкам корсон карда гардам? Мардуми мо ҳамин хел симоҳоро хуш дорад; ҳар қадар шикамаш бузург бошад, бообрўй, боэътибор, доно, кордон, сарвар ва худодода ба шумор меравад. Каси хароб гўё аз нодорӣ таги пўсташ нам намегирад. Боҷўрабойро гирем: пойи лучу сари луч дар зимистони қаҳратун, дар маъракаҳойи базмороён яхи сойро бо табар шикаста дусатила об мекашонад. Мехўрдагиаш сарқут.
Агар он ҳам дар табоқи кадом сер гашта бошад ва пеш аз ў касе надидаву нахўрда бошад. Нест касе, ки кавши кўҳна диҳад ва ў пойи кафидаву сармозадаро пинҳон кунад. Гоҳи аз рўйи барфу ях ба дами оташ доштан сих задани сўзанҳойи пояшро танҳо худаш пай мебараду эҳсос мекунад ва гум задани дилашро худаш медонаду Худо. Номи ҳамин ҳам одам. Оне, ки базм меорояд, низ одам. Боҷўрабой гиряро намедонад. Ба ҳама чиз механдад.
Аз ҳар чиз завқ мебарад. «Боҷўрабой, поят ях кард» гўйӣ, «Било ҳа!» мегўяду механдад. Гўё сармо бардоштани пойи ўро худаш не, дигарон мефаҳманд. Доро парвое надорад. Ҳатто намедонад, ки шаби хидматгори ройгон чун гузашт. Ҳамин қадарашро медонад, ки бемузд кор кард ба суди доро.
Охир мо ҳам инсоф кунем; бипурсем, ки кадом шоҳ халқро сер кард? Кадом бой хидматгорашро баробари фарзанд донист?
Дур наравем: мирони Масчоҳро гирем: ҳоло ҳам халқро ғорат мекунанд. Хўроку пўшоки лашкар ва йему хошоки аспонашон аз рўйи ҳалқ. Яроқу аслиҳаашон шамшеру шоф ва корду теғҳойи ҷойдорӣ; милтиқҳойи шикорийи шаҳрисабзӣ. Онҳоро ҳам бо зўрӣ аз дасти мардум гирифтанд. Аслиҳайи харидаашон милтиқҳойи кўҳнайи Осипову Эргаш фурўхта. Пас, осмон агар фурў ояд, ба сари бечора меафтад...»
ШОХОБ
Он замон ин шохоби дурдасти Зарафшон, ки аз пешгаҳи рўдбор, аз зери пирчи ғорсурат ҷорӣ мешуд, хеле сард, шаффофу
ширин буд ва лаззати тармаро дошт. Рафта-рафта хеле хинг ва
хокистарзада мегашт. Лаззату маззайи барфу тарма ва сардиашро,
гуворойиашро гум мекард ва бо регу гил меомехт, ки хўрдани кас
намеомад. Аз он баландиҳо чаро ин қадар ба пастиҳо мешитобид,
касе пайхас намекард ва сарфаҳм ҳам намерафт. Магар аз гармо пирч зуб гашта, ҳаҷму вазнашро рўдбор нагунҷонидаву набардошта, ҳама бандҳоро раҳо карда буд, ки мешорид шитобзада.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор