Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Аз каргас. Вай дойим болойи деҳа давр мегардад. Мегўянд, ки баччабарак аст.
— Ҳар кӣ гуфтааст, дурўғ гуфтааст. Каргас бачча намебарад.
Вай мурдахўр аст. Сагу хару молҳойи ҳароммурдаро ба ҷариҳо афканда бошанд, ҳамонҳоро мехўрад. Натарс!
— Не! Наравед! Баччабарак омада маро мебарад.
— Ин хел парранда нест, духтарам.
— Худатон афсона мегўед-ку? Симурғ Золи Зарро бурда дар лонайи чўҷаҳояш калон кард.
— Э вай дигар, духтарам. Золи Зар сафедмўй ба дунё омад.
Падараш аз ў рўй тофта, аломати нохушӣ дониста, фармуд, ки паси кўҳи Қоф бурда партоянд. Бурда партофтанд. Симурғ ўро ёфта, ба лонайи чўҷаҳояш оварда, бузург кард...
— Ҳарчӣ бошад-набошад, наравед, дада. Баъд ин зоғи сиёҳ шох ба шохи дарахтон гашта, дар чиллайи тобистон «қаррр!»
мегўяд. Ин ҳам хосият надорад мегўянд.
— Хуб, духтарам. Ман аз Самарқанд тиру дору меорам. Ин зоғи даҳансиёҳи бадниятро мепарронам. Ту парешон нашав.
— Наравед, дада!
— Ман бояд равам, духтарам. Ба дўстон ваъда дода будам.
Онҳо нигарон мешаванд. Бобойи Тамҳид мадад мекунанд, китоби нави маро мебарорем. Ана ҳо он китоби тогдон барин. Се сол шуд ба нашри ин китоб. Навашро бояд барорем. Ту осуда бош. Ман ки омадам, худо хоҳад, ҳама корҳо нағз мешавад.
— Набошад, аввал ин зоғи даҳансиёҳро парронед, баъд равед.
То омадани шумо гўши маро кар мекунад.
— Тир тамом шудагӣ, духтарам. Ана ин парро гир, – пари ба салла задаро гирифта ба духтар дароз мекунад. – Медонӣ-а, ин пари чӣ?
— Пари туғрал.
— Офарин духтарам! Пари туғрал – пари шоҳин. Ҳамин, ки ягон ноомади кор шуд, худо нишон надиҳад, ин парро дуд мекунӣ ва Туғрал расида омада, ҳама корҳоро сомон мекунад.
— Симурғ барин-а, дада?
— Медонӣ-а, духтарам? Акнун рухсат деҳ, бо дили кушод ман ба сафар бароям.
— Хайр! Худо ёратон, дадаҷон!

Сахт гирифтори андешаҳойи радду бадал аст. Худ ба худ ситеза бо киҳое кунад:
«Давлатро, ки ҳифзу ҳимо карда натавонӣ, туро кӣ мондаст ба подшоҳӣ, амирӣ? Аробайи худатро кашӣ, чӣ шавад? Чаро ба аспи тезтаки дигарон савор шудӣ? Ба умеди зўру тавони давлати ҳамсоя давлатдорӣ кардан аблаҳист. Дар тангдастиву гирифторӣ ҳамсоя тамошобин шавад. Пасон ҳамон ҳамсояйи зўру ҳолдон қабратро канад.

пешина
аз 421
навбатӣ