Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

сафарсиёҳ шарик шуданаш чӣ маънӣ дорад? Мурод ҳидоят кардан ва машварату маслиҳат додан бошад, полковник Шатенин, гўё, ба ин чиз ниёз надорад. Худаш шоҳ ва донишу бинишаш – лашкаркаш… Аммо аз кибру ғурур ё қайсарӣ бошад, ки чун рамайи бесаркаш роҳи чапғалати кушишхонаро гум кардааст.
— Боз ягон кас дар ин деҳа ошно дорад?
Баъди фурсати зиёд, ки гўё пешоварди Туғралро фаромўш карда буданд, Шатенин чӣ масъаларо дар худ ҳаллу фасл кард, ки пурсид. Зеро ў медонист, ки дар ин фавҷ одами таҳҷойӣ танҳо шоир аст. Ба ҳар маъние пурсида бошад – киноя ё ростин, Туғралро нафорид.
— Яъне нест?
Боз касе посух нагуфт ба пурси сардор. Низ хомўш монд.
Сарбозон пой ба пойи аспон ё даст ба лигоми онон баста ғунуданианд. Аммо бедорхобӣ мекашанд чун қабилае, ки аз тохти бадавиҳо хавф дошта бошанд.
— Ба шоир иҷозат…Рафта ошнояшро хабар гирад. Малаховро ҳамроҳаш гирад!
Онҳо бо роҳи миёни деҳа мерафтанд дуздона. Туғрал дар борайи ҳамроҳи сияҳмўйи монанд ба кўҳистониҳо андеша дошт, ки чӣ касе бошад? Дар тўли роҳ шунида буд ҳарфашро, ки тоҷикӣ мегуфт паҳн-паҳн. Тотор буданашро ҳувайдо месохт.
Туғрал дудила буд, ки ҳамроҳи чунин кас ба даркўбийи дўсташ равад ё на? Зеро чунин ҳамроҳи бисёрзабондон тавонад бойиси марги беаҷали ў гардад. Шоир, ки аз тухмаву дудмони Хоҷа Аҳрори Валӣ медонист хешро, як шингил пешдонӣ низ дошт ва чизеро пай бурда гирифтори андешаҳойи хеш мегашт, аммо об ба даҳон гирифта буд. Буд-набуд Шатенинро баҳона лозим буд баройи бадном кардани Туғрал. Ҳамин хел як чизро пай бурда буд шоир.
«Кабк аз даҳони худ тир хўрад. Худам пешниҳод кардам ин фикрро. Пасгардӣ баробар ба номардӣ. Наравам, таънабор хоҳам шуд».
Рафтанд. Аммо дуздона мерафтанд: бун-буни сангдеворҳо, паспаси дарахтони туту беди лаби ҷўйбор, паҳлўйи хонаҳойи гиливу сангийи паст ва бомаш ҳамвори гилпўш. Тарсону ларзон. Туғралро на тарси ҷони хеш. Тарсаш аз ҳамроҳи ғайр, ки кўҳистониҳойи чунин касонро надида «куффор» пиндошта, ғазаб карданашон аз эътимол дур нест. Худи ўро медонанд, бинанд ҳам, чизе нагўянд.
Вешистиҳо медонанд, ки ҳар бори роҳгузар шудан шоир ба хонайи дўсташ Азизбек сар мехалонад.
Лек дар кўчаву паскўчаҳойи каҷу килеби Вешист одамизоде набуд. Рўбоҳ буд ё саги думдароз, ки аз рахнайи сангдевор ҷаҳида гузашт ва ғайб зад. Моҳи ҳут кайҳо гузашта бошад ҳам, аз дур ғаши гурбае меомад, ки шояд ба ошиқаш ноз мекард ё ситез.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор