Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ягон хонадон шунаҳи чароғе ё шаъшаъаву забонайи оташе аён набуд. Балки ҳама шамъу пилтаҳойи чароғи сиёҳ ё лампаву давраро пуф кардаанд ё об бар оташ задаанд, ки бўйи оташи обзада ва бўйи дуди ғализи дурдаву лойи равғани зағир меомад. Бўйи сўхтайи саргини хар ҳам меомад, ки бар рафъи хомўшак дуд андохтаанд. Бўйи ғализу димоғхораш машоми меҳмононро бегона, бад ва нофор мерасид.
Сурфайи баъзе сарбозони аз зарурат ба чунин сафари номатлуб баромадаро меовард. Гоҳе ки бод ҷониби Фарғар медамид, бўйи ғализу нафасгардон гум шуда, насими хушу гуворо мерасид, ки мусофирон дар тўли роҳ чунин ҳавойи хуши кўҳистонро нав дар сару рўй ва тан эҳсос карданд.
Чунин ҳол хомўшийи пеш аз тўфонро дарак диҳад ё хавферо пешгўйӣ кунад. Фавҷро ба таҳлука овард. Зеро касе дар пешорў пайдо набуд ва ё касе таҳлукайи ватандорӣ намекард.
Аспон, ки истода-истода, дам рост карда, қадамшумор то ба ин ҷо сум зада буданд; ба рағми музтарибҳолийи саворонашон бепарво, аз гуруснагӣ хасу хошоки канори роҳи аз чорвойи деҳ боқимондаро кан-кан карда якҷоя бо даҳона хойиданӣ мешуданд.
Онҳо ҳавасу ҳавсалайи шиҳа кашидан надоштанд ва гўш чур карда ба кадом хавфу хатар диққат намедоданд; ё аз хўсае, сиёҳие, ҳайбату суробе, шарфаю сарире намерамиданд. Садойи ба кўрсангҳо бархўрдану шарора пошидани наълҳо меомад. Бинӣ афшондани сутурон ҳувайдо месохт, ки аҷнабийи роҳгуме ё ағёр дар остонайи рустойи деворҳояш аз санг инони фарас кашидааст.
Аз вазъу ҳол Шатенин ва мушовирону тарҷумонҳо тахмин доранд, ки панҷоҳайи Ҳомид-қўрбошӣ аз ин деҳа дур нарафтааст.
Шояд камин гирифта бошад. Лек тахмин буд ин ҳама. Касе чизе пеш оварда наметавонист. Фақат андаке Туғрал беқарорӣ дошт.
Ба Шатенин дида медўхту чизе гуфтанӣ мешуд; ба тарҷумон менигаристу безобита мегашт. Аммо мақсаду муродро ифода карда наметавонист. Оқибат аспашро пошна зада ба аспи командир наздик овард ва кафид:
— Рафиқ командир!
— Чӣ мефармойӣ?
— Ман дар ин деҳа дўсте дорам...
— Хайр?
— Агар рухсат диҳед, ҳамроҳи ягон сарбоз ба хонайи ў рафта вазъро фаҳмида биёям.
— Ҷанги душманон бозийи кўдакон нест.
— Медонам...
— Агар донӣ, худро ба оташ назан, эшон.
Туғрал як қад парид, на, худаш на: балки дилаш як қад парид. Сонӣ ҷўшида ўро тафсонд. Вале касе дар торикӣ ранги рўйи ўро надид, ки то чӣ андоза тағйир ёфт.

пешина
аз 421
навбатӣ