Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Камингоҳашон низ паси санг бувад.
Шикори Туғрал пас-паси буттаҳову паси сангҳо воқеъ мегардад. Оҳуву мурғи ҳулолу кабк сайд мекунад. Ҳар боре ки бо дара меравад, дар бехи шах як ё чанд пари шоҳинро пайдо мекунад, ки аз баландӣ ба зер афтодааст. Дар бех ё қабати санге мегузорад ва дар бозгашт гирифта меорад, ки килки адаб аз он дорад.
Пари рах-рах сиёҳу зардчаву нимҳоли сафед ва бехи пар монанд ба қалами пайзада. Шикори ў барор гирад-нагирад, дар бозгашт бо ин парҳо дил хуш медорад. Ва чун аз зери шахи баланд убур кунад, баргашта ба ошёни боло менигарад, ки дўсту ҳамномаш
– шоҳин дар лонааш ҳаст ё на, чўҷаҳояш сари лона баромадаанд ё на; худаш дар фазо бол мезанад ё на? Гоҳи рафтан ҳам, гоҳи омадан ҳам нигоҳ ва мушоҳида мекунад ин чизро. Ва ҳар ҷо, ки равад, аз параш ҳамроҳ дорад ва дар зерлагандайи ҷома ё яктаҳ мехалонад ҳамчун рамзи илҳом ё баландпарвозӣ... Шоир аз шикор бармегардад арақшор ва ҳамон зайл сари хонтахта нишаста пар ба давом зада, он чӣ имрўз гоҳи шикор андешида ба сар ҷо карда буд, рўйи коғаз меорад. Худ ба худ завқ карда зарбулмасал мегўяд: «Оҳанро дар гармиаш бояд кўфт».
Дар ин деҳа касе пеш намеояд, то пурсанд, ки босмачиҳо дар ин макон тохт овардаанд ё ин ҷоро гузашта ба кадом самт рафтаанд? На, касе нест. Гўйӣ одамони деҳа кўчида ба миёни кўҳҳо рафтаанд ва ё ба мулки дигар рахти сафар бастаанд.
Аз мўрие дуд намебарояд. Сарбанди оби тангӣ зада, валангор шудааст. Оби ҷўйборҳо низ намешоранд. Балки оби сой ба рўди Зарафшон мерезад.
Саге ак намегўяд, харе ҳанг намезанад, гове бонг надорад, хурўсе фарёд намезанад, аспе сайҳа намекашад. Ороми ором. Дар тангнойи серунҳаво, ки дар чунин айём ҳазордастон чаҳ-чаҳ мезад, «чу»-е намебарояд... Танҳо гурбае сиёҳ сар-сари сангҳо ҷаҳида, пеши роҳи аспҳоро бурида, бо сангпар он сўйи об гузашт ва оне бозистод. Гардан тофта ба фавҷи савор нигариста тааҷҷуб кард.
Сонӣ бо чӣ нияте дум баланд карда нописандонаву бепарво аз обмўрие паси девори боғ гузашт.
«Бадбахт... Бадфол. Аз ин роҳ бояд баргашт». Аз дил гузаронд шоир. Ў пурсиданӣ буд, ки роҳи Масчоҳ дигар аст, бо ин тавилдара чаро раванд? Аммо ҷуръат накард, ҷурми раҳгум заданашонро ба гардани вай бор мекунад. Зеро ўро ба ном раҳнамо номидаанд.
Шатенин гирифтори андешаҳойи хеш. Ба бадкирдори азоби Шарифаву қотили Ёр кина гирифтааст ё на, рўшан нест. Ба ҳар тақдир бар асари босмачиҳо ҷониби Масчоҳ рафтанист. Ё бар зидди ҷанги босмачӣ.
Касе аз паҳлў садо кард:

пешина
аз 421
навбатӣ