Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷаҳон месўзад. Касе баройи боздоштани оташ худро бар он намеандозад. «Ҷаҳон бисўзад, лек ман монам!» гўяд. Чӣ густохист?
Касе пойдор намонад. Ҷуз он ки аршнишин бувад. Найрангу сарват касеро аз чунин забонайи гиро нараҳонад... Ин чизро ба ў бояд гуфт; ба Шатенин баринҳо: «Меоеду ҷафо мекунеду меравед...
Мардуми кўҳистон ҷонсахт! Сахтҷонтар аз кўҳҳояш!»
Худовандо! Офариниву миронӣ. Офаридан баройи чиву миронидан чаро? Магар намиранд, бадтар аз саг ё беҳурматтар аз хук гарданд? Намурида ҳам, он ҳурмате, ки инсонро бояд, надоранд.
Чу кирми замин ҷўлидаву пўйида ғизо мекобанду меёбанд, то аз гуруснагӣ намиранд. Мубориза низ аз ин рўст; маънийи якдигархўриашон низ чунин аст. Вақте ки ба танг омада луқма ё ризқу рўзӣ меҷўянд, онҳо аз мурдан андеша надоранд. Балки зистан ва намурданро фикр мекунанд. Аммо касе гумон надорад, ки марги беаҷал ҳам ҳаст. Гоҳе ки нафс боло мегирад, баднафсон фаромўшат кунанд. Чун ба танг оянд ва дона дар гулўяшон дар монад ё қабз шаванд, номи ту дар забонашон, вале пеши ононе даванд, ки бо даму нафас аз аҷал раҳо мекарда бошанд. Пеши онҳое даванд, ки ҷуз фиребу найранг илоҷи дигаре надоранд. Бо вуҷуди он рўйи ниёз оранд ба ў; саҷда оранд, тавозўъ кунанд, сар пеши пояш гузоранд, зорӣ кунанду хорӣ кашанд... Аммо чун мушкилот пеш ояд, гирифтору мубтало гарданд, сарашон ба девор занад; аз дасту пой, аз забон монанд; аз бинойиву шунавойӣ маҳрум шаванд, туро ёд кунанд, Офаридгор... Гоҳе ки забун гарданд, парастиш мазорҳоро кунанд, пояйи марқаду мақбараҳоро бўсанд, санги гўрро ламс кунанд; мадад аз мурдаву аз гўр ҷўянд. Ҳол он ки зинда мадад карда натавонад мурдаро. Мадади мурда ин аст, ки дар хоб омада аз дасташ дошта ҳамроҳ барад, ки дар ин дунёйи фонӣ зиёд ранҷ кашидӣ, инак биё биравем, тафреҳ кунем.
Ва бедор гашта, аз нодонӣ назди муаббир биравад, то донад, ки хобаш чӣ маънӣ дорад?
Эй борхудо! Аввалу анҷом надорад ин ҳама, чунон ки олам.
Ҳамин қадар дарёфтам, ки бе меъморе биное бунёд нагардад. Бе Офаридгор ҳам ин дунё сохта нашудааст. Зеро чизе ноҷо нест ҷуз бадӣ. Шояд он ҳам ҷой дошта бошад, ба назари мо чунин тобад? Зеро сиёҳӣ ҳама рангҳоро хурад. Аз арзу само, офтобу моҳу ахтарон, наҳру дарёҳо; ҳавову оташу обу хок то хурдтарин ҳашара, ҷонвар ва мўр ҷойи худро дорам. Танҳо моем, ки ҷойи нишасти худро намедонем ва ба ҷойи якдигар бо зўриву нодонӣ нишаста, мувозинати Заминро халалдор мекунем. Баъд гуноҳро ба дўши Офаридгор бор мекунем, ки моро ноҷо ба олами рўшан овардааст, чаро модар моро чунин зойид? Зеро андар гетӣ доно андак офарида шудааст ва коно фаровон. Лек коно нодониву нофаҳмийи хешро аз фазилати доно бартар гузорад. Ба ҳоли доно хандад, ки ғарра ба ақл, роҳи зиндагиро гум кардааст...

пешина
аз 421
навбатӣ