Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Инак сарфаҳм меравад, ки беҳудакорӣ зиёд бувад дар зиндагӣ.
Барбеҳуда умр ба сар мебаранд, беҳуда хешро ба ҳар кўй мезананд, беҳуда ранҷу азоб мекашанд; беҳуда сурху сафед мешаванд; беҳуда зўр зада, гулў даронида, дилу мағзи сар фишурда кадом ҳақиқати кас надидаро ба миён овардан мехоҳанд. Содагиҳойи кўдакона доранд, ки бо ҳалво гуфтан даҳон ширин мешуда бошад. Ҳамин қадар медонад, ки дар олами ҳавову ҳавас ҳар чӣ пеш ояд. Тири ба каргас партоб карда метавонад баргашта омада ба сарсинайи шоир занад. Чандест, ки чунин хавф пайдо шудааст ва дар сари ў мегардаду гиҷаш мекунад ва пеши чашмаш як пардайи хунин пайдо гашта, оҳиста-оҳиста ба ранги сиёҳ табдил меёбад. Як пари каргаси сиёҳ канда шуда чун теғи оташ фурў омад аз баландӣ.
Рост меомад партир. Аз сарсинайи ў андаке баланд – чашмашро нишон гирифта меояд. Туғрал аз бими марги беаҷал худро паси фараси Шатенин гирифт. Партир ғайб зад.
Аз он сў садо омад. Пиндоштанд мурда зинда гашт. Ё Шарифа ҷон ба ҷонофарин супурд, ки Бурҳон садойи талх баровард. Ҳама нигаштанд он сўй. Тану сарҳойи хамида рост шуданд.
Ин замон аз ҷониби Ёрӣ рўйи роҳ ғуборе бархост чун дуди мўрийи бевазане. Отрядро парешону безобита карду зуд фурў нишаст ё боди рўдбор рабуд. Сарҳанг Шатенинро хабар оварданд ва бо ишорайи ў зуд пушти зинҳо шуданд. Чашмбароҳ дер истоданд. На аз ғубор нишоне буд ва на аз адў хабаре. Гўйӣ кадоме гилем афшонда ва ё хирман бод кардаву аз бебодӣ бозистода. Ба ҳар ҳол даста ба ҳар ҳамлайи ногаҳонӣ омода гашт. Баъдтар бо амри Шатенини ҳайрон сару тани Ёрро бардошта назди хоҳараш оварданд.
Шарифа ҳанўз ҳам бараҳнасар, мўяш парешон рў ба осмон мехобид. Тори мўяш намеҷунбид.
«Болойи сўхта – намакоб». Бо ашк ифода карда ба сару тани тағо нигарист Бурҳон ва аз бемадорӣ ё чунин ҳолатро бардошта натавонистан сари по нишаст ва сар бар сари зону ниҳод.
— Ту мард ҳастӣ, ба кори Худованд ситеза намекунанд. – гўйӣ тасаллӣ буд ин ҳарфи Туғрал ва ўро ба худ оварданд.
— Наход Худованд танҳо моро бинад? – сар набардошта гуфт Бурҳон ва донист, ки беҳуда гуфт эшонро. Сонӣ сар бардошта ба ў нигарист ва сар афшонд: «Ҳамин хел».
— Чанд гуфтӣ лашкари ўро? – ин пурси Шатенин буд.
— Панҷоҳа... Боз ба ҳар деҳа, ки тохт овард, беҳтарин ҷавононро яккачин карда мебарад. Ба пирону кўдакон кор надорад.
Сарбозонаш ба ғорат медароянд...
— Ин чӣ? – ҳолати модару сари ҷудову тани ҷудоро ишора карда пурсид Шатенин.
Бурҳон чизе гуфта натавониста сар афшонд ва чизе гулўяшро сахт гирифт. Зўр мезад, ки туфи хушкро аз гулў фурў диҳад, аммо он чу харчанг дар гулўяш часпида буд.

пешина
аз 421
навбатӣ