Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Зеро аз хурдӣ одат карда, ки ба чашми зодагон нигариста сухан накунад, ба рўяшон надавад, суханашонро нагардонад. Як бор худсарӣ карда, Истамро гирифт, ки…
Ва арўс менигарад аз тирезайи хурд, ки модару писар чӣ мегуфта бошанд. Аммо дуртар аст, садояшон намеояд. Лекин аз тарзи гуфтор, ҳаракатҳо, ваҷоҳат арўси номурод тахмин мекунад, ки миёни сўҳбат дар ҳаққи ў низ чизе мегўянд.
«Истам, дигар аз мо умеди фарзанд нест, биё ба хушӣ ҷудо шавем…»
Арўс дармеёбад, ки чӣ сўҳбати муҳиме миёни онон гузашта будааст... Ва ғинҷ мегардад. Духтараки офтобхўрдайи ба шоир хуш омада ва ҳоло арўси бадбахти заҳирранг аз номуродиҳо ба танг омада дили хунбастааш як-як аз кор мемонад; ҳис мекунад, ки баъзан ба ҷойи як зарб чанд мезанаду гоҳе гирифт мекунад ва ба нафаскашиаш ҳаво намерасад, мулўҳ мешавад; чӣ посух гуфтанро надониста, чашмонаш кушода, вале нигоҳаш беҳиссу ҳаракат заминро нуқта мегардад: «Набинам… Ҳеҷ касро, ҳеҷ чизро набинам… Нашунавам…» Зиёдтар андеша карда наметавонад ва Замин гирд мегардад, ки ў аз камхунӣ сарчархак шуда бошад. Ба назари ў Туғрал чунон бепарво мегўяд, ки касе омўхтаву ў тўтивор такрор кунад: «Сўҳбати модару писар бебало набуд. Баъзан зодагон бойиси бадбахтийи фарзандон гарданд». Арўс ҳамон вақт фаҳмида буд; гоҳе ки модаршў ва ё пиразани дигаре дасти ўро чарб накард, то ба кору бори хонаву дар часпону хушдаст бошад, дилаш сард гашт. Аммо ба эҳтиром ва муҳаббати шоир наварўс он қадар ба кору бори рўзгор часпид, ки даҳони онҳо воз монд. Дилгарм шуданд ва аз хонадони номувофиқ будани зани писарро фаромўш карданд. Аммо баъд кор қўр нагирифт. Гуфтанд, ки чунин арўс ҳалқайи силсилайи авлодиро гусаста мегардонад.
Инак сиришки ў талху ройгон мерезад ва чун Зарафшон ҷориву ҷорӣ, вале ба муроди дил набувад. Истам дар мурдайи падараш Аваз - деҳқон ҳамин зайл оби дида рехта буд; ба марги нобаҳангоми писараш чунин гирист… Ҳолиё зиёдтар аз он ашк мерезад, ки Туғрал ҳаст; зан мемирад баройи ў. Вале ин чизро ба шў гуфта наметавонад. Гоҳе ки ба сухани шў ё зодагони ў гўш медиҳад, дилаш менолад; мўя мекунад… Баъд дили гунҷишк ё заргўш барин ба ларзиш медарояд, ки ҷуз худаш каси даст ба даст ё шафат пай бурда метавоанд. Ҳар шаб болинаш тар мешавад аз сиришк; на танҳо аз фироқи азизтарин касон, балки аз андешаҳое низ, ки ба мард гуфта натавонад. Ғал мегардаду ашк мерезад, ки пеши пойи шў афтида зорӣ кунад, то ўро наафканад, ғариб ва таънашунав накунад. Боз ба хонайи падар баргаштани духтари хонадоршуда кори саҳл нест; ба вижа, агар духтар гуноҳе содир накарда бошад.
«Охир хиёнате накардаам, мардак!» Ҳамин иддаояш, аммо қозийи давр ҳеҷ гоҳ тарафи афтодаро нагирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор