Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мегуфт. Аспон ба чаҳор тараф мекашиданд ва гунаҳгор чаҳорлахт мешуд. Баъд рафта-рафта одамон ақлу фаросат пайдо карданд; ба ҷойи одам бузу гўсолаву говро «улоғ» мекардагӣ шуданд. Агар шунида бошед, мисли қурбонӣ: пайғамбар Иброҳим писарашон Исмоилро ба роҳи худо қурбон карданӣ шуданд. Ваҳй омад, ки дар миёни падару писар парда кашед, ба ҷойи писар гўсфанди кабудро сар буред, гоҳи сар буридан писар садойи талх барорад, то пайғамбар донад, ки писарашро қурбон карданд. Ва аз он рўз то имрўз гўсфанд қурбонӣ мекунанд ва аз он рўз то имрўз буз мекашанд. Ҳоло мо ин чизҳоро бо ифтихори бузург «меросӣ» меномем.»
«Хондагӣ-дия» гўшакӣ кард ба сол бузургтар ва ба Парда ишора кард, то баргарданд. Вале ў чӣ андеша дошт, ки гуфт: «Ба ҳар ҳол як бор бояд бинам …»
«Ана халос, мо ба кӣ гуфтем ин қадар? Хирс бошад ҳам, ба ин гуфтаҳо мулло мешуд!»
«Бояд бинам.»
«Узр пурсиданӣ ҳастӣ?»
«Не. Дар расму русуми мо чунин нест, ки гуноҳ куниву боз «бубахш» гўйӣ. Тир аз камон ҷаст? Ҷаст! Дигар онро баргардонидан муҳол. Ба ҳар ҳол додом чунин мегуфт.»
«Дидӣ!? Ҳоло ҳам мо дар ҷамъияти ибтидойӣ сайр мекунем; услубу одоб надорем.. Аз реша табар мезанему умедвор мешавем, ки боз месабзад. Аввал гуфтор мекунему баъд андеша. Забонамонро газида наметавонем. Чунки дард мекунад. Аммо ба пўст кандани дигарон теғбадаст меистем.»
Парда аввал хуб ба суханони Нақибхон гўш доду аз ҳайрат чизе ҳосил накард, пасон сўйи ҳамроҳон нигарист, ки ин «носеҳ»
чӣ мегўяд. Худ ба худ китфон ба ҳам кашид. Рўяш турш шуд. Ё ўро дашном доданӣ буд ва ё шўридан мехост.
«Ба ҳурмат нарӣ, шоир…»
«Ман як чизро намефаҳмам бачча: ҳамун ҷавон ба ту ягон чиз гуфт?»
«Не!»
«Туро зад?»
«Не.»
«Сагата тур гуфт?»
«Не.»
«Пас чӣ гу хўрда ин қадар одама ҷамъ карда ба сари вай меорӣ? А? Чӣ гўён!? – Пас ба ҳамроҳон нигарист: – Чӣ гўён шуморо овард?» – Ҳама китфон дарҳам кашиданд: «Ҳеҷ.» – Ҳамин хел ки бошад, думатонро хода кунед! Ту бачча, гап назадам, наёз!
Инҳо аз авлоди мо… Авлоди моро медонӣ. Надонӣ, бидон: Бобохони Зосунӣ фаҳмад, аз гўшат сих мегузаронад. Ба гўши хар азон гуфтагӣ барин ҳамин қадар суханони нарм гуфтам, панди гузаштагонро овардам, нафаҳмидӣ!

пешина
аз 421
навбатӣ