Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

салларо пас зад, тасбеҳро алвонҷ дод ва бо тамоми нерў садо дардод:
— Дўстон! Имрўз рўзи муборак! Бо сарварийи полковник Зайсев (гардан ба рост тофта, таъзим карда), хуш омаданд, бо сардорийи меҳмони мўҳтарам, ҳоли ҳозир қувваҳойи мусаллаҳи казакҳойи сафед меҳмони азизи ҳар хонадони самарқандист. Инҳо беҳуда ба ин ҷо ташриф наовардаанд. Омадаанд, ки моро аз балоҳо эмин доранд, аз шарри шайтон нигаҳ доранд ва нагузоранд, ки дини мубини моро касе поймол гардонад. Мо ҳаммаслакем, дўстон, мо ҳамақидаем, рафиқон. Якҷоя амал карда, намегузорем, ки ягон қуввайи аҳриманӣ моро азобу озор диҳад. «Шўройи ислом»-и Самарқанд бо мададу кўмаку роҳнамоийи амири олампаноҳ умедвор аз Худову Оқпошшост, ки ҳалқи моро аз ҳама балоҳойи осмониву заминӣ нигаҳбонӣ кунад…
Турғуни тотор суханони қозиро ба русӣ мегардонд, то Зайсев ва шарикони ў бифаҳманд, ки қозӣ чӣ мегўяд. Пасон ў суханони полковник Зайсевро аз русӣ ба ўзбакӣ тарҷума кард.
Зайсев: – Ман овозаву шўҳрати шаҳри зебойи Самарқанд ва одамони онро бисёр шунидаам. Лекин ҳоло мебинам, ки чӣ зайл сухан бо воқеият баробар меояд. Мақсади омадани мо ба ҳар фарди ин марзу бум равшан аст. Қувваҳойи мусаллаҳи казакҳойи сафед баройи хор доштани шумо ё зери суми аспон гузоштани мулки шумо наомадааст, балки омадааст шуморо аз ҳар гуна фалокатҳо, балоҳо ва тохту тороҷи аҷнабиён, хориҷиён нигаҳ дорад.
Ҳукумати навруста ва ҳоло ба пой рост нашудайи Шўро метавонад дар ҳар лаҳза ва маврид шуморо гўл занад. Чӣ хел як халқи собиқадори тамаддунаш оламгири тоҷик метавонад ба суханони пуч бовар кунад ва дини мубини исломро ба дини кофирон бадал созад. Магар шуморо равшан нест, ки баробари барпо гаштани Давлати Советӣ ҳама динҳойи дигар барҳам мехўранд ва шумо бозичайи дасти советҳо ва ғуломи ҳалқабагўш мегардед; ятимони ройгон… Ба умеди Сурхҳо нашавед! Вале Сафедҳо ба шумо кафолат медиҳанд, ки аморати шумо, мулки шумо, дини шумо чӣ ранге, ки ҳаст, мемонад!
— Уррааа!
— Уррааа!!
— Уррааа!!!
Кӣ чӣ бардошт аз ин мулоқот, касеро равшан нест, вале садоҳойи ура ва кафкўбиҳойи сохта гунбади мадрасайи Шердорро ба садо овард ва майдони Регистон ҷўшид. Дар маркази майдон шўр, дар гирди он ҷунбиш ва андар канораҳо сукути хомўшӣ ҳукмфармо буд. Усто Фаррух аз дасти Туғрал мекашид, ки дур аз ин майдон гарданд.
«Сабр, сабр! Бубинем, ин ҷавон чӣ мефармояд…»

пешина
аз 421
навбатӣ