Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Аз қомат боло гирифта, ба нўги пой истода, роҳи омади касеро чашм дўхтанаш ҳама нияту хости қозиро ҳувайдо месозад. Чунон ки аз он ҷониб расули Худо, наҷотбахш ва ё рўзидеҳаш меомада бошад. Дона то ҷое мегардонад, ки лозим аст; то замоне ки шодмон гардад; то гоҳе ки мушавваш кунанд ва ё халалгор шаванд. Баъзан баройи фиреби чашм ва тарсу таҳдид то вақте бошиддат тасбеҳ гардонида ончунон лаб ҷунбонад, ки муддаӣ, додхоҳ ё гунаҳгорро воҳима пахш кунад. Ҳамин ки ба мурод расид, се бор куф бар тасбеҳи рўйи каф ғун омада бикунад ва бар ҷайби зери бағал андозад ва то замоне, ки лозим нашавад ва касе ба дидораш нарасад, аз киса бурун наорад. Зери он дастори бузургу оҳарӣ, гоҳе самарқандиву гоҳе пишоварӣ он қадар макр ҳаст, ки реги Зарафшон нарасад ба шумораш.
«Тақсир, ба гўшам садойи сумби асб меояд…» – як қадам ҷониби қозӣ ниҳода гўё ба гўшаш гуфт тўра.
«Кар нестам, мешунавам.»
Вале аз шунидани эшон замони зиёд гузашт, дарак аз садойи наъли фарасҳо набуд. Қозӣ қомат болотар гирифтанӣ шуда ба нўки пой меистод ва кавши монанд ба сарипойӣ аз маҳсӣ ҷудо гашта, пошнааш ҳамойил мемонд. Баъд тасбеҳи дудаста доштааш, ки бахту тахташ аз рўйи он бошад, ҳамойилу беҳаракат мегашт.
Ў умедканда онро чу вартиши ром зери остин мекард; панҷаҳойи сафеди занонааш ва ба назар омусранги ба тавозўъ бадомўхтааш низ зери остин шуданд. Ҳалқайи дигар буд рўйи шиками дамидааш чун чамбари дастор. Сар пушт меандозад, то нигоҳаш дургир бошад. Риши сиёҳи сари синаро пўшидааш мехезад ва гардани юғбоби ў, камарчайи гиребони куртайи сафедаш аён мегардад.
Пасон бо савлату салавот чашм ба осмон дўхта, аз хушийи ҳаво меболад, сари синаашро дамонда ҳавойи зиёд фурў мекашад ва дониста ва намойишкорона нигоҳашро ба замин мефарорад, то мардум дида, донанд, ки бузург аст қозийи давр. Нигоҳаш ба мадрасайи пурнақшу нигор, хонаҳойи кўҳнасохти атроф, роҳи ҷумъабозори назди мазори Шоҳи Зинда мелағзид, ки ҳар бало ояд аз осмон, аз уламойи доно ва ин роҳи Абрешим ояд.
«Хуб гўшатон шунаво будасту… тўра?»
Тўра, ки ҳудаву беҳуда ҳуқуқи маҳмаддонойӣ надошт, китфон бар ҳам кашид: «Надонам».
Қозӣ Исохон сар такон дод: «Барбеҳуда.»
Вале тўра нафаҳмид, ки сар такон додани қозӣ чӣ маънӣ дорад. Ба ҳар ҳол тахмин кард, ки ў малул ва ё ноумед аст. Зеро ба ин ранг дер омадани сафедҳо фоли нек наметобад. Қозӣ, ки дамаш, қаду қоматаш, симояш, ришаш ва баъзе рафторҳояш ва пурхўриаш ба Қорӣ Исмати Бухорӣ монанд аст, бардошт барояш бегона метобад. Бо вуҷуди худдорӣ, тамкини сохта ва сабру тоқат андарунаш каси дигар аст, ки ангез диҳад ва киш-киш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор