Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Прохор Иванович ба об нигарист ва хунин дид:
— Пас ин ҳама кори туст? Моро муттаҳам мекунӣ, ки қатли ом фармуда ҳамаро нобуд сохтем, Худованд ғазаб гирифта обро хунин гардонд. Ва акнун нағма дорӣ, ки аз роҳамон гардем!?
— Маро дар бало намононед, рафиқ Прохор Иванович. Шуморо «аз роҳ гардед» нагуфтаам. Шумо баройи озод кардани мардуми ҷафодидайи Кўҳистон омадаед, тамошойи харобаҳойи сохтайи «қатли ом» ҳарчанд дуввумдараҷа аст, фавҷро аз роҳаш боздошт. Кори асосиатон таъҷилан ба Масчоҳ расида, халқро аз шиканҷайи босмачиёни ҷомеъ раҳо кардан аст. Вале ман зомин гаштам, ки бо як ҳарфи ноҷо аз роҳ боздоштаматон ва сафари даста ба таъхир монд. Аслан гирем, ман ба корҳойи ҷангийи шумо шарик нестам, шоири озодам. Ва ман ин озодиро ба чизе иваз накунам. Сари маро гиранд ҳам, шеъри маро сар бурида натавонанд.
То ҳанўз пойбанди касе набудам ва ин тавр шуданаш имкон ҳам надорад. Ба гумонам маро ба кўмаки шумо тавсия кардаанд, вале кӣ ва бо кадом мақсад тавсия кардааст, намедонам. Аз муомилаҳо бармеояд, ки касе дар ҳаққи ман носазо гуфта шуморо.
— Бисёр бадгумон метобӣ. Ман чӣ донам, ки чӣ ҳастиву кӣ ҳастӣ. Гуфтанд, шоир, тарафдори ҳукумат; ҳам роҳнамойӣ кунад, ҳам мадад. Вале мебинам, ки фўкат каҷ шуда…
— Гумон надоштам, ки баройи манша ва ё пархош ба дастайи ҷанговари шумо ҳамроҳ мешавам. Хаёлам буд, ки якҷоя кори нек мекунем, аммо аз муомила бармеояд, ки ниятамон ба ҳам намеояд.
Мардуми мо аз ҳукумати нав умеди зиёд дорад. Ҳарчанд ватан моро азизу бебаҳост ва онро поймол кардани ағёр нангу номуси моро поймол кардан аст, пастигариҳойи баъзе нобакоронро арза доштем, ки шояд беҳбудие пеш ояд.
— Бузак, бузак! Намур, ки баҳор меояд.
Туғрал моту мабҳут монд, ки кӣ будани сарфавҷ равшан нест.
Ба пиндори шоир ў ҳар чизро баҳона сохта, кўшиш дорад, ки дертар расад ба Фарғар. Баъзан дуздида ба Мирбобойи тарҷумон менигарад, ў нигоҳашро мегурезонад. Бисёр сипоҳ ва муғамбир метобад. Андаке пеш дар танҳойӣ муомила ва гуфтораш дигар буд, ҳолиё ваҷоҳат, ҳаракатҳояш дигаргуна. «Илоҷи берўёнро ёфтан мумкин, вале паноҳ аз дурўягон диҳад.»
Туғрал азм кард, ки дигар бо ин касон баҳсу талош накунад.
Зеро ононро баҳона лозим дар ҳар маврид. «Забони сурх сари сабзро диҳад барбод». Шоир дар Когон бисёр чизҳоро шунидааст, дар Самарқанд зиёд дидааст ва дар маҳфилҳойи «Шўройи ислом», дар дўкони усто Ўруни сартарош, дар коргоҳи усто Раҳмонқули дарздўзи урметанӣ аз бисёр корҳову чизҳо дарак ёфтааст. Аммо надонад, ки Прохор Иванович ба кадом тараф побанд аст? Ба полковник Зайсеви сафед ё ба Ориф Клебилееви фиристодайи Ленин?

пешина
аз 421
навбатӣ