Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман бо шумо баҳсе надорам, ҷаноби Туғрал. Воқеан, шумо мурғи баландпарвоз ҳастед. Лекин бидонед, ки нерўмандтарин мурғ ҳар қадар боло равад, боз баройи дон чидан ба замин мефарояд.
— Саҳеҳ. Лекин кас бояд якрў, якмаром бошад ва сурхрў бимирад чун Суқрот.
— Дигар ҳарфе надорам ба шумо.
Боз хомўшӣ ба миён омад. Асбон гардани ҳамро месойиданд ва нозук-нозук дандон мезаданд. Гўё маҳс мекарданд, то кўфти роҳ, саргардонийи манзили дур ва зарби сангҳойи пеши пой ва алами мусофириро бароранд.
— Бубинед, ҷаноби шоир, ҳайвонҳоро! Коре, ки одам карда наметавонад… Онҳо дўстиву рафоқат ва инсонгариро ба мо меомўзанд.
— Ман ин чизҳоро зиёд дидаам, ҷаноби тарҷумон. Ин ҷонварон аз мо ягон чизи хуб омўхта наметавонанд; ҷуз дашном ва зарби тозиёна ва сарборийи гарон. Вале мо аз инҳо бисёр чиз меомўзем.
Ҳатто муҳаббат, меҳрубонӣ ва назокатро; баъзан рашки ҳақиқиро.
Дар набардҳо ин ҷонварон ба соҳибашон мадад мекунанд. Вале инсонҳо бинанд, ки як касро дар сари роҳ ба қатл мерасонанд, ба ҷойи ёрӣ рўй панаҳ мекунанд, то ба балое гирифтор нашаванд; инсон як махлуқи омўхтанашаванда ва зоти мураккаб. Хешро эҳтиёт мекунам, гуфта, худро бой медиҳад.
— Бо шумо баҳс карда нашавад, ҷаноби шоир…
— Ҷаноби тарҷумон, тифли навзо гаронҳаҷм бошад, гоҳи зо модар азоб мекашад; гоҳе модарро сари зо барад ва гоҳе худ мирад. Дониш низ мисли тифлон бузургу хурд мешавад. Он ки андаке дониш дорад, хурўсча аст, оне ки дониши зиёд дорад, чун хурўсони кулангӣ канда-канда пой мегузорад ва мурғони хурўсталаб аз хурўсчўҷаҳо гурехта, назди хурўсони ботамкину ботаҷриба мераванд.
— Шумо низ шўх ҳастед…
Гўйӣ хуршед аз зери абр намоён шуд ва чеҳрайи ҳар дуйи онҳо кушод. Меҳмон малламўйи зардинарўй ва андаке сари рухаш аз дами офтоб гандумгун гашта; гоҳи табассум дар андомаш ҷўяҳо пайдо гашта, миёни онҳо сафеди офтобнахўрда метобанд. Мўйи сараш аз паси гардан баробар бурида, ки одати тоторҳост. Чун командир ришаш тозатарошида. Чашмони тоторийи тангу варамида дорад, ки баъзан ягон чизро ифода накунад; танҳо баройи дидан ва шинохтан. Баъзан чунон танг шавад, ки гўйӣ чизеро набинад.
Гоҳи ғазаб миҷаҳо фурў рафта, пилкҳо даманд ва гавҳарак дарун монад; гоҳи сахт хандидан ҳам чунин шавад. Рафторҳояш нозук ва занона, пўсташ ҳам. Садояш на порсист ва на туркист, балки тоторист; аз ин рў баъзе лафзҳойи Туғралро сарфаҳм намеравад.

пешина
аз 421
навбатӣ