Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тамошо дорад командир ва айнак аз чашм дур накарда сар меафшонад ва андешаашро ҷуз худаш касе намедонад. Аммо шоир фарҷоми ҳар чизро натиҷагирӣ мекунад, вале ҳувайдо намесозад, ки оқибати нек надорад.
Нақибхон баройи меҳмонони нохонда хидмат карданист. Худро ба мардуми тангназар бадном карда аз рафтори мирони Кўҳистон ва лаганбардорони онон баъзан ба ҳукумати нави вилояти Самарқанд ахбор медиҳад, равиши кор, оқибати кирдорҳойи навинро ба омма мефаҳмонад, вале гуфтаҳойи ўро ғараз ва душманӣ дониста ба номаш ҳар гуна тўҳматҳо ва дасисаҳо мебофанд, бадномзада мегардонанд. Вале Шатенин ба ҷойи подоши нек кайфар медиҳад; муомилае мекунад, ки шоир гўр мекофта бошад аз баройи командир.
— Наход ин қадар бадкина бошанд мардуми Кўҳистон?
— Чӣ гуна?
— Моро куштанд, гуфта як кас ба зодгоҳаш барнагаштааст.
— Шумо бовар намекунед; касе зинда намонда буд. Дар гаҳвора, сари синайи модарон куштанд тифлонро.
— Ва худо нишон надод?
— Посух надорам, командир. Мардуми мо гўянд: «Худо ҳам тарафдори зўр.»
— М-дааа..
— Шумо ба ранги оби рўд нигаред.
— Гулобӣ…
— Пеш ин хел набуд. Шаффоф метофт. Баъди қатли ом чунин ранг гирифт.
— Воҳима накун, шоир!
— Ба шумо дурўғ, ба Худо рост.
— Аз саргаҳ?
— Инашро наозмудаам. Лекин медонам, ки пеш об соф буд.
Сари сангҳо хун набаста буд. Аз он масҷид дуд намехест.
— Магарам, то саргаҳи об равем ва бинем, ки аз куҷо дигар мешавад ин ранг.
— Гуноҳи маро бубахшед, рафиқ командир. Ба ман гуфта буданд, ки аз Чорбоғ. Дар он ҷо низ қатли ом шуда буд ва хун ба рўд ҳамроҳ гашта буд; гўё аз он ҷо оби рўд дигарранг мегардад.
— Аҷаб… Шарқ пур аз муҳобот ва пур аз эъҷоз.
«Худоё, чаро кас баройи сухани рост ва даъвойи ҳақ мудом сарзаниш меёбад ё муттаҳам мегардад. Дониста касро ба гуноҳ мепечонанд, ки рости муддаӣ зери бўҳтони муттаҳаме нопадид мегардад. Ростгў муттаҳам ва дуруғгў мўҳтарам мешавад. Ҳайҳот, ки умри дурўғ кўтоҳ ва умри рост баъд аз заволаш сар мешавад.
Пушаймонӣ надорам аз он ки ҳақро мегўям. Маро чӣ нисбате, чӣ зарурате, ки мардум гуфта, ба бало печам? Чӣ ҳоҷат, ки аз номи ҳамдиёрони худ ба бегонагон арз кунам, ки мирону намояндагони подшоҳи рус зулми дутарафа карда, рўзи халқро сиёҳ мегардонанд?

пешина
аз 421
навбатӣ