Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин шаҳр чун шаҳри Испартайи Юнон аз қадим тартибу одоб дорад ва ҳама бояд якмаром, якранг ва бо тартиб зиндагӣ кунанд, якдигарро ҳифзу ҳимоя ва дастгирӣ кунанд, озода бошанд, зану мард аз пайи суду пайдо шаванд. Баройи ободонӣ ва маърифат, накўкорӣ, савдо ва тиҷорат фарзанд тарбия кардааст, аммо баройи ҷанг на.
Боғи Зоғон низ растаҳо дорад, ки нони самарқандӣ, мавизу бодом, донакшўрак, мухашшар, гўшти пухта рўйи таштҳойи мисӣ, ҳалвоҳойи гуногун, наботу қандолот, парвардаву чой, нишолло ва бисёр чизҳойи хоси ин кишвар аст. Мардуми пешавар манзилу гузарро аз рўйи касбу ҳунарашон ном мегузоранд; Боғи Зоғон ном гирифтани ин ноҳия низ аз ин ҷост.
Дар сояйи бедҳойи сарсабзи ду канори роҳ растаҳо қаторанд ва чойхонаву ошхонаҳо гардонанд ва серкаву гўсфандҳойи ба тозагӣ забҳгашта аз пояшон кашоланд ва дунбайи сапеди гўсфандҳойи парворӣ оби даҳони раҳгузарро мешоронанд; ба вижа оби даҳони сарбозони русро, ки ба сало (равғани хук) хўрдан одат кардаанд.
Лашкар пиёда шуд. Аммо нагунҷид дар роҳу раста. Фурўшандаҳо пиндоштанд, ки чун ҳамеша ин дастайи роҳгузар ҳам борашонро ғорат мекунанд, ба таҳлука афтода, пулу молашонро пинҳон карданӣ шуданд, вале фурсат наёфта, бархе аз эшон молу макон вогузошта, паси дўконҳо ғайб заданд.
— Русҳо ба шумо осеб намерасонанд, – пеш даромад Нақибхон.
– Бо шумо сўҳбат оростанӣ ва донистанӣ, ки шумо чӣ касонед!
Ҳамин тавр не, рафиқ командир?
— Бале-бале! Нақибхон дуруст мефармояд. Шумо шиками сарбозони моро сер мекунед, мо ба шумо пул медиҳем.
— Албатта шумо афсари рус ҳастед ва ба кўмаки бечорагон омадед, ки аз зулми манғитҳо ва дастнишондаҳойи эшон раҳо кунед?
— Бале-бале!
— Пас мо чӣ гуна аз шумо пул гирем? Марҳабо, пажалуста, агар гўштҳойи пухта нарасад, нопухтаҳоро бирён мекунем.
— Спасибо! Таджики очень гостеприимный народ.
— Мо тоҷикон меҳмоннавоз. Меҳмони хубро эҳтиром дорем.
— Шуморо касе ғам намедиҳад?
— На!
— Дигар ҳама аз ғам раҳо меёбем, револютсияи рус пирўз омад; шоҳу гадо баробарҳуқуқ мегардад.
— Дар ягон замон чунин шуда буд, рафиқ командир?
— Орзу доштанд, аммо нашудааст.
— Бубахшед, рафиқ Шатенин. Дар аҳди Сосониён аз муғҳойи бузурги Нишопур Бомдод ном касро писаре ба дунё омад, ки Маздак ном доданд.

пешина
аз 421
навбатӣ