Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Бобо, чаро дар деҳа касе нест?
Пирамард сар андохт, оҳ кашид, бурут, лабҳо ва ришро кафмол кард. Пасон ба нўги асо замини пушти пояшро тук-тук зада, ҷой муайян кард ва нишаст. Асо рўи пойҳо гузошт; гўё барои қисса гуфтан омода гашт. Мулло Тош чунин чизро чашмдор буд, аммо вай дигар чиз гуфт:
— Гўё ту замонаро намедонӣ, чашм дориву намебинӣ ва худро ба нодонӣ мезанӣ... Воқеаи Чорбоғро нашунидаӣ?
— Шунидам, бобо.
— Боз чӣ мепурсӣ? Барои он ки он рўз ба сарашон наояд, ҳама ба кўҳ гурехтанд, ба Тангӣ рафтанд... Як ман мондам дар ин ҷо. Мани мундаи бори гаронро партофта рафтанд... Не, худам нарафтам. Ҳар кӣ ба ин ҷо ояд, маро қурбонӣ гирад, валекин ба дигарон даст нарасонад, гуфта, истодам.
Пирамард хомўш монд. Гўшаш, ҳушаш ва ҳатто дидаи нобинояш сўи мусофир буд, то чӣ гўяд. Ў хомўш буд, ҳар ҷунбишу харакати пирамардро мушоҳида мекард, гирд гаштану пасу боло шудани сафедии чашмони ўро медид, гумонаш ў нуқтаеро меҷўяд, то дарёфта, нигоҳашро қарор диҳад, аммо пайдо намекунад...
— Барафтӣ, мусофир?
— Не!
— Чаро ҷавоб намедиҳӣ?
— Беҳуда гурехтаанд халқо... Аскарони сурх одамони хубанд...
Пирамард чизе нагуфт, сар афшонд. Асо дароз карда ба замин зад... дароз бозӣ доронд асоро. Ё андешааш дерёз буд ва ё бо мусофир қаҳрӣ шуд. Мусофир сурфид. Пирамард гўё посух дод:
— Ту, ки медонӣ, нағз мегўӣ, ман, ки намедонам, хап мешинам...
— Бовар кунед... Получу сарлучҳоро зери бол мегирад...
— Ту барин получҳоро? Лекин ман барин бечашмҳоро пеши по зада мегузарад. Валӣ барин бойбаччаҳоро аз дами теғ мегузаронад.
— Бовар кунед, бобо, онҳо золимонро нест карданӣ.
— Бовар намекунам!... Ҷуфтгари чорбогӣ золим буд? Ё касоне, ки ватандорӣ кардан мехоҳанд, зану фарзанд ҳимоя карданӣ шуда, ба мубориза ё ба мудофиа мехезанд, золиманд? Агар ту зану фарзанд дошта бошӣ, мегузорӣ, ки бегонагон ба хонаат зада даромада, онҳоро шиканҷа диҳанд? Хобатро ба об гўй, бачча! Ин бедодист!
Ҳоло мебинӣ, мо чӣ қадар азоб мекашем, помол мешавем, ҳамчу дона зери санги осиё орд мегардем ва то нон шудан дар оташ месўзем... Ана ман гуфтаму ту шунидӣ, ман нестаму ту ҳастӣ, мебинӣ, чӣ азобе ба сари халқо меояд... Охир ҷанг кори саҳл аст?
Магар ягон ҷанг ба хубӣ гузаштааст. Медонӣ, ки чаро ба сари мо меоянд? Шунидаӣ, ки халқои мо ба сари касе даст бардошта бошад, баччаи касеро кушта бошанд, замини касеро забт карда бошанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор