Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

...Ва канданд онҳо. Мулло Тош тарҷома савор шуд ба Сиёҳмушкин. Бод мевазид. Ба тани ў кора мекард. Вале ў аспро боз надошт, гашти онро суст накард, биронд ба сони бод. Аз Навобод, Роҷ, Хўҷапанҷ гузашт. Якмаром мерафт аспи ў: гўш хамида, дум бардошта, миёнборик ва чаҳорнаъл. То деҳаи Ғарибак рафт, ки рўёрўи Панҷакат буд. Убургоҳе буд он ҷо. Ба паҳнои рўд андохт аспро, убур кард. Ва рафт ба Комиссариати ҳарбӣ, ки дар пушти боғи Равшанбой қарор дошт. Иван Фёдоровичро пайдо кард, ҳол намуду аҳвол гуфт.
Мулло Тош дар бар либоси ҳарбиёна дошт ва дар даст ливои сурх. Пешопеши эскадрони савораи Иван Фёдорович мерафт. Аз Сўфиён, Сўҷина, Дашти Малла, Дупула, Қашқоӣ ва Ғузор гузаштанд ва ҳар ҷо, ки расиданд, ахбори дар Панҷакат гуфтаашро тафсиру тафсил мекард ў; бо ишораву харакатҳо мефаҳмонд. Ва ҳар замон сари забон меовард, ки бовар накардани командирро нисбати худ гўяд, забонаш намегашт. Рафтанду рафтанд ва расиданд ба Дашти Қозӣ.
Командири отряд Шишкин байрақдории Мулло Тошро дида, ҳайрон шуд ва табассумкунон пешвози Иван Фёдорович омада, низомиёна даст ба чакка бурда, «рафиқ фармондеҳ...» гуфта буд, ки Иван Фёдорович «хўш!» гуфт ва Шишкин пай бурд, ки ў ҳама чизро медонад.
— Талафот зиёд аст, рафиқ командир?
— Зиёд не, лекин имшаб ногаҳонӣ шуд... агар пулемёт намебуд...
— Қароргоҳи шумо аз Ёрӣ дур нест. Яке аз деҳаҳои бузурги ин вилоят Ёрист. Шояд онҳо аз кирдори шумо огоҳ набошанд. Ин деҳаро ба ҳоли худ гузошта боло рафтан хуб нест, – фармондеҳ ишора ба ҳаракат кард.
Ишораи ў сабаб шуд, ки ба соҳили рости Зарафшон баргарданд.
Деҳаи Ёриро ишғол кунанд. Онҳо ба Вешист эътибор надода, ба боғоти Ёрӣ даромаданд ва Шишкин ба фармондеҳ фаҳмонд, ки Мулло Тош мавзеъро хуб медонад, як бор разведка карда ояд...
Мулло Тош боз либоси саллотӣ ба либоси деҳконӣ бадал кард.
Тоқии кўҳнаи Мулло Исрофилро ба орият гирифт ва анбоне дар нўги асо сари китф гузошта ба деҳа ворид шуд, ҷўё гашту пўё, касеро надид. Саге дар сафедхоки паҳлўи қалъа ўро нагузошт, ки наздик ояд; ҷакиду ҷакид, аммо ў эътибор надод ба саг ва вонамуд кард, ки роҳгузар аст, ба одам доштану надоштани деҳа бепарвост, ба роҳи худ меравад. Сар андохта меравад, ғарибона ва гадоёна меравад, аммо ҷавониаш халалгор ба рафтораш; каси дида зуд пай мебарад, ки чунин ҷавон беҳуда ин ҷо наояд.
— Кистӣ? – садо омад аз ҷониби қалъа, аммо Мулло Тош чунон кард, ки нашунид ҳарфи ўро. – Кистӣ?
Мулло Тош қадам боздошт, ки шояд беэътиноиаш сархўр барояд. Сўйи овоз нигарист ва пирамарди сафедришро дид, ки паҳлўи қалъача меистад, на сўйи ў, балки дур, ба уфуқи рўйи Зарафшон менигарад, такя бар асо дорад ва мижа назада менигарад ба дуродур.

пешина
аз 421
навбатӣ