Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Саллаву тоқии ў поёнтар аз ҷои афтидааш рўи об баромад, вале худи ў ҳеҷ натофт.
Онҳо так рафтанду боло, аспро надоштанд, одамиро наёфтанд.
Китфи ҳайрат ба ҳам кашиданд, ки ўро замин кашид ё осмон; ҳамин ки фурў рафт, як бор ҳам рўи об наомад, ки андар решадарахте андармон шуда бошад. Кофтанду ҷустанд; асп ба об андохта, пўйиданду ҷўйиданд, пайдо накарданд ўро. Агар Зарафшон наҳанг дошт, мегуфтанд, ки хўрд... Вале гуфтанд: «Ба гирдоб рафт, замин кашид». Чунон ки дар афсонаҳо қисса кунанд: зери об даричае буд, он ҷо даромад ва барнаёмад... Дучор омад ба Хизр. Роҳ намуд Хизр ба ў ва рўи замин баромад...
...Мулло Тош низ рўи замин баромад. Поёнтар аз тамомшавии кўҳи Чилдухтарон, миёни анбўҳи зарбеду хингбеду сурхбеду ангату газ, андаруни луху найҳои буни дарахтон, тақрибан ним фарсах дуртар аз ҷои афтида аз об баромад; сарлучу вазнинбадан, нафасгардону шалпар аз шохи беди хамида дошта, сар аз об бурун овард, то бинад, ки аз паяш афтидаанд ва ё дар дуриҳо ҷўянд ҷасади ўро... Касеро надид, вале шиҳаи асп парешон кардаш: аз он сўи рўд, аз миёни дарёобод баромад ин садо ва Мулло Тош то гулў ба об фурў рафта, аз байни баргҳои хингбед нигарист ба он ҷониб. Асп сайҳа мекашиду наметофт, пас-паси дарахтон мерафт.
Мулло Тош аранге шиҳаи аспи шиносро ёд овард, вале чӣ сон ба ин ҷо расидани онро надонист. Пиндошт, ки касе савори аспи норбекӣ бар асари ў меояд ва ё дар соҳил мурда меҷўяд. Сайҳаи асп дур рафт. Ў аз об баромад. Ҷомаи вазнин кашид, либосҳои дигар низ. Танҳо эзор нигаҳ дошт, ки дар ноомади кор худро биандозад ба об. Курта биҷафид, фўта биҷафид; ҷомаи серпахта, ки чун ҷомаи ғук тар буд, намешуд ҷафида. Сайҳа кашид асп аз рў ба рў. Ў хост садо дардиҳад, тарсид. Ҳаросид, ки душман дунболагир бошад, дастгир кунад, Боз гардан миёни шонаҳо кашид... Намуд аз миёни буттаҳову дарахтони хурд сари асп. Гўиё бўй мекашид; гўш сих мекард, ба чапу рост менигарист. Мулло Тош бархост.
Асп надидаш. Шохаҳоро биҷунбонд, то асп бинад. Асп дигар сў менигарист. Сурфид Мулло Тош. Асп сар бардошт, нигашт ба атроф, аз миёни буттаҳо баромад.
«Моҳ-моҳ!»
Асп дид ўро, аммо нашинохт. Ҷавони бараҳнаро нашинохт ва лаби рўд қарор истод, дум магасрон кард. Мулло Тош ҷомаи тар ба бар кард. Лаби он гардонда, ҷониби асп ёзид ва боз «моҳ-моҳ!»
гуфт, ки йем медода бошад. Асп дастак зад ба реги соҳил ва рег зери хеш меандохт ва чизе мегуфт ба одам, аммо ў намефаҳмид.
Гумонаш, ҷо тоза кунад. «Моҳ-моҳ! Нашинохтӣ? Ман – Мулло Тош!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор