Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Дид, ки аз қадами ў сабза помол шуда, ба шакли ҷўя гашта буд. Аз хомўшии аскарон ў чӣ хулоса баровард, ки Тоши аспбонро пеш хонд:
— Панҷакат меравӣ... чӣ хел меравӣ, кори ту, лекин меравӣ...
Хабар мебарӣ, хабар меорӣ. Кадом асп хушат ояд, бигир.
— Хўш! Рафиқ командир! Агар рухсат бошад, ба воситаи Ёриву Амондара равам... аз Ғарибак ба Панҷакат гузарам...
— Ҳар хел хоҳӣ, бирав... Ба Иван Фёдорович бирасон, ки қувваи ҳарбӣ кифоя нест... Дар ду ҷанг талаф ҳам додем... Роҳ буррида буд, гўй, аз ин рў маълумот нарасид... Мардуми Кўҳистон ҳама дарун рафтаанд, гўй, якҷоя шуда, дар тангноҳо моро қир кардан мехоҳанд, гўй... Мо ҷанг намекунем, хабарро мунтазир мешавем...
...Мулло Тош бо соҳили рости Зарафшон сўйи Панҷакат роҳ сипарид. Сару либосаш оддии кўҳистонӣ буд. Пушти асп ба ҷуз зину банд чизе надошт. Мулло Тош як тозиёна гирифт, ба ин маънӣ, ки ба дасти душман афтад, роҳгузар буданашро исбот кунад ва гўяд, ки мўйсафедони деҳаҳоро ба ҷаноза хабар медиҳад
– ба ҷанозаи мулло Калон. Агар дар Ёрӣ доранд, мегўяд, ки ба ҷанозаи муллои Дашти Қозӣ, агар дар Амондара доранд, мегўяд, ки ба ҷанозаи муллои ёригӣ ва то Панҷакат расидан. Вале ўро дар Вешисту Ёриву Амондара касе дучор наомад. Гоҳи аз боғи Чилдухтарони Майкада гузаштан ба дастае дучор омад, ки на босмачӣ буданашон маълум буду на роҳзаниашон.
«Кистӣ? Куҷо меравӣ?» – пурсиданд аз ў.
«Ҷаноза хабар медиҳам. Ҷанозаи домуллои Дашти Қозӣ».
Онҳо ба ҳамдигар нигаристанд ва яке пай бурд, ки мусофир дурўғ мегўяд, пурсид: «Дар Дашти Қозӣ аҳвол чун аст?»
— Бад, бисёр бад... Намедонам шунидед ё не, ҳам босмачиён тохт оварданд, ҳам аскарони Сурх.
— Ту кистӣ?
Ногаҳонӣ буд ин суол ва Мулло Тош надонист чӣ гўяд. Туфи гулўяшро базўр қурт кард:
— Ман? Тошмаҳмад, додарзодаи Домуллокалони раҳматӣ...
— Кӣ кушт Домуллоро?
— Қаҳҳорчаи киштўдӣ... барои бародараш шуда... Аскарони сурх бародари ў Нуралиро баста дар хонаи Домулло монда буд.
Баъди ба Миндона рафтани аскарон Қаҳҳорча бў бурда, ба хонаи Домулло омад ва ту муллои беимон кофиронро дар хонаат роҳ додӣ, гуфта, Домуллоро сар зад ва бародарашро бурд. Ин тараф то Панҷакат, он тараф то Фалғар бояд хабар диҳем...
— Забонашро бурред, чашмонашро кобед ин дурўғгўйро! – касе ўро шинохт, ки чунин арз кард.
Мулло Тош ҷилави асп медошт ва дилаш сиёҳӣ бароварда буд, ки табоҳ шавад ҳолаш. Оби чашм кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор