Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Рост гўӣ, дурўғгўй хонанд, дўст шавӣ, душман донанд. Андеша кунад, ки дунё чӣ касонро парварад...
Командир на танҳо ба ў бовар накард, балки ба чанд тан фармуд, ки агар Мулло Тош майли гурехтан кунад, бипарронанд.
Мулло Тош аз ин ҳарф огоҳ набуд. Аспи Норбекро саркаш баст, аспи хеш бар пордуми он, дигар аспон бар пордуми якдигар ва пиёда корвонро ҷилав кашид. Паҳлўи аспе, ки туфанг мекашид, мерафт: сархам, хомўш, гирифта. Командир наменигарист ба ў; вонамуд мекард, ки ба ў эътибор намедихад. Аммо Мулло Тош беқарор буд, ботинаш туғён мекард ва хост командир ўро дурусттар пурсида, ба ҳарфи рост бовар кунад... Пас бепарво шуд, чунон ки касе ба ў коре надорад ва ў ба касе...
...вале дар Қашқоӣ кор ранги дигар гирифт: командир ба Мирзо Аҳё фармуд, то ба Мулло Тош гўяд, ки аспонашро пеш кашида, аз чокии Қашқоӣ гузарад... Чунон кард Мулло Тош: корвони аспон аз паҳлўи отряд гузаронида пеш рафт. Командир ба Мулло Исрофил фармуд, дунбола гирад ўро ва муайян кунад, ки андар нишебии пас хавфе ҳаст ё на. Корвони Мулло Тош аз сои Сурххок гузашта, ба ҳамворӣ фуромад ва Мулло Исрофил баргашта, ба онҳо фаҳмонд, ки роҳ бехавф аст. Отряд ба чокии сари Қашқоӣ баромада бозистод ва командир бо дурбин ҳамвории Ғузор, дарёобод, роҳҳо, ҷариҳо ва ҳар чоеро, ки дар дурбин меғунҷид, аз назар гузаронд, хавфу хатаре надида, ба ҳамроҳон, махсус ба Мирзо Аҳё нигариста, китф дарҳам кашид. Мирзо Аҳё мазмуни ишораи ўро фаҳмида, сар ҷунбонд: «Мулло Тош дуруст гуфта будааст».
Дар дурбини командир не, балки ба чашми ҳама буд, ки Мулло Тош чун дар роҳи борики зери қабристон сархам, ба атроф нигоҳе накарда, бехабар аз омадану наомадани отряд корвон мекашад ба пеш. Қариб расида ба Ғузор, ист намекунад, гумонаш, ки командир инак ба ҳарфи ў бовар карда, расида меояд. Аммо командир аз нав дурбин мемонад; ҳавлиҳои Ғузор, тирезаҳои болохонаҳо, кўчаҳо, буни дарахтон ва паноҳгоҳҳоро аз назар мегузаронад...
Отряд сои Мазорро гузашт, аммо намедонистанд, ки корвони Мулло Тош ҳоло ҳам меравад ва ё дар ҷое қарор дорад. Отряд аз роҳи боло рафт. Чунон ки дар Ғузор ҳаёт набошад, касе ба пешвоз набаромад, касе нанамуд, марде муқобилият накард, чунон ки дар Сўҷина. Мирзо Аҳё оҳиста ба командир гуфт, ки халқ ба кўҳи Чилмеҳроб гурехта ва ё дастаи Қаҳҳорча мардуми деҳаро ҳамроҳ бурда... Баъди деҳаро аз назар гузаронидан, телефонхонаро валу вайрон дидан яқин карданд, ки рўфта бурдаанд ҳамаро, аммо фурсат наёфта, ки оташ зананд деҳаро. Командирро дил ба чизе насўхт; ба телефонхона сўхт, ки Ғузорро бошишгоҳ ёфта, бисёр корҳоро бо телефон ҳал кардан имкон дошт... Ва боз кина гирифт ба Мулло Тош, ки чаро хонахез кўч бастани ғузориҳоро нагуфт ва ҳоло қарор нагирифта меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор