Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Асп тез не, балки ба тартибу низом гом зада бурун рафт аз дарвоза ва гўш сих дошт, то аз соҳиб чӣ пеш ояд.
Қозӣ вазн андохт, то Шарифа бурда натавонад ва куртааш дарида афтад. Аммо куртаи шерозадори қозӣ вазни ўро хуб мебардошт, гулўяшро хафа ҳам мекард.
Ҷома аз китфи ў шорида ба замин кашол шуд. Қозӣ тани куртаю эзори сафед монд. Шарифа зўр мезад, ки вазни ўро бардошта, каме боло дошта, зери рон гирад ва Санглох бурда, аспро маҳмез зада, так диҳад ва ўро шарманда гардонад. Шарифа гўё ин корро бе ягон ният мекард; чунон ки аз рўи одат бошад; одами бадро зери рон гирифта асп рондан одати дўстдоштаи ў бошад. Бо Зуҳур кард ва бо қозӣ мекунад ва номи «беваи бад»-ро мебардорад. Ва боз мардум гапу калоча мекунанд, ки дили бева шў кашида, ба кӣ часпиданашро намедонад...
Андаке бардошт вазни ўро. Ба назар Саманд мадад кард: андаке миён дуздонда, Шарифаро пасттар хам хўронд. Шарифа сахттар аз гиребони ў дошта, қоматашро боло кард. Инак осон аст зери рон гирифтани қозӣ. Вай чунон мекунад ва аспашро «ҳу!» мегўяд ва қозии Шохдор ба кўрсангҳо бархўрда, ҷон медиҳад. Қозӣ дод задан мехост, бешармона дод задан мехост ва ин кор барои ў душворӣ надошт – дод задану шаттоҳӣ кардан барои фарде, ки он қадар дурўғро рост карда ва он қадар ростро дурўғ бароварда, коре набуд, ҳатто ҷои шарм надошт, вале гулўи гирифтаву батангомада имкон намедод. Ў хаёл мекард, ки аз овоз пештар ҷонаш мебарояд ва чунон ҳаром мемурад, ки касе аз забонаш ҳарфе намешунавад: на васият, на насиҳат. Яқин кард, ки роҳи халосӣ нест, қоматашро бардошт, то гулў озод гардад... Чун пай бурд, ки аз дасти ин зани якрави мардмиҷоз раҳоӣ намеёбад, ба рони Шарифа дудаста чангол зад ва даҳон андохт, вале якбора пеш ҷаҳидани асп ўро аз чунин имкон боздошт ва нафаҳмид, ки чун сараш зери рони зан омад.
«—Ч... ч... чӣ...» садо баровард ў, вале натавонист равшан гўяд. Шарифа пай бурд, ки ў илтиҷо мекунад ва ё мақсади ўро мепурсад.
«Марг мехоҳам...»
Аз зери дандонҳои Шарифа базўр баромаданд ин ҳарфҳо. Қозии Шохдор дандон ба дандон монда, бо тамоми қувват худро пас кашид, ки ё хафа шуда мурад ва ё аз дасти зан раҳо ёбад.
— Рост бигўй, ба марги чӣ бегуноҳоне зомин шудӣ? — Шарифа қасос гирифтанашро фаҳмонданӣ шуд ва ҳувайдо мекард, ки чунин рафтораш бесабаб нест. Вале қозии Шохдор ҳарфе гуфта наметавонист, гарданак мезад, даст боло мекард, то имкони гуфтор ёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор