Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Зад. Бобоша ба табар зад.
Зан тори сари Зуҳурро, ки ба табар мерасид, хабар гирифт, аммо нишони зарб ё хуне надида, ҳайрон шуд.
— Ягон кас омада буд? – аз духтар пурсид ў.
— Тағо! – ҷавоб дод набера.
— Хап ист! – шиддат кард набераро, – Тағо ин корро карда наметавонад!
Набера гириста аз сари бобо дур рафт. Баалам мегирист. Модар намедонист, ки чӣ кор кунад. Як рў падар, як рў писар. Ҳамин қадар аз дил гузаронд: «Рўз надид, баччаи бечора...»
Ёдгор нолакунон аз дарвоза баромад. Модар надонист куҷо меравад. Худи ў медонист куҷо рафтанро. Бо пайроҳаи як вақтҳо одат карда рост назди Шарифа рафт. Шарифа ўро дўстдорӣ кард, пинҳон аз чашми дигарон бўсид ва гиряаашро дида пурсид:
— Кӣ ранҷонд?
— Бобо мурд.
— Кӣ мурд?
— Бобо...
Шарифа аз ҳарфи ў ҳайрон буд: ё касе ин суханро ба ў ёд дода ва ё худаш ин ҳарфро бофта, ки дили момо ба бобо сўзад ё на?
Шарифа бовар накард. Набераро ба банди дил пахш кард ва ҳамон зайл ба хаёл рафт. Тақдиру қисматҳоро пеши назар меовард; қиссаҳои аз дасти писар мурдани падар, аз дасти падар мурдани писар ё бародар куштани бародар, модар куштани писар ва дигар қисматҳоро ёд меовард, маҳзун мешуд, тааҷҷуб мекард, афсўс мехўрд, аммо ба ин тақдир хандид: «Муред, шумо девонаҳо...»
— Гушна нестӣ? – барои ҳама чизро фаромўш кардан пурсид ў.
— Не.
— Додота дидӣ?
Набера аз оғўши момо раҳо ёфта, рафтан хост. Ақлаш нагирифт, ки момо чӣ мегўяд. Ў, ки Зуҳурро бобо мегуфту додо, баробари саволи момо ба худ омад гўё ва рафтагор шуд назди бобои мадҳуш. Тохт. Дар дили Шарифа аланга андохту рафт.
Шарифа ҳайрон буд, ки чӣ муаммост. Ў хост кўча буромада дурусту нодуруст будани ин ҳарфро донад, худдорӣ кард, то мардум ба тамошо баромадааст, нагўянд. Агар Худо ба ў чунин ҷазоро муносиб дониста бошад, равшан мегардад. Аммо дилаш қарор надошт. Ўро такон медод, то кўча равад, дарак аз ин кор ёбад...
— Бииззат! – аз дарвозаи ў дод зад Шарифа. Садое нашунида, дарвозаро тела дод, аз дарун занҷир дида, боз овоз дод: – Бииззат, дар хона ҳастед?
Ба ҷои ҷавоби Иззат сурфаи мардона баромад. Шарифа дарёфт, ки Боқарқин меояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо