Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Лаббай, оча?!
— Намедонед, ки Бурҳон Гулсифатро куҷо бурдааст?
— Дар ғор...
— Дар ғор? Рост мегўӣ? Натарсида-я? Наход фаросат накунад, ки ғор дар пушти боғи усто Карим... Равед ва огоҳ кунед, ки ягон ҷо гурезад...
Бародарон ҷуръат накарданд, ки шабҳангом дами ғор рафта, Бурҳонро огоҳ кунанд: ҳам аз ғори торик метарсиданд, ҳам аз фош гаштани асрор. Шарифа ҳама зуъму ғазабро як сў гузошта, ҳамроҳи писаронаш ба даҳонаи ғор рафт ва нафас дарун гирифта гўш андохт, ки чӣ садое меояд. Деҳаи хуфта хомўши хомўш буд.
Ягон-ягон харе ҳанг мезад, саге ак мегуфт ва хурўсе бонг, аз куҷое ҷавоб мешунид; болотар аз пушти теппа садои пинг-пинги рўбоҳ меомад ва сагона ак-ак талха додани шағол... Шарифа ба ин чизҳо аҳамият намедод ва гўш ба даҳони ғор медошт, ки садое меояд ё на. Аз даҳонаи ғор акси садои бод меомад.
«Бурҳон!» оҳиста садо дардод Шарифа ва аз садои пасту дуздонааш дар баданаш мурғак давид. Ў медонист, ки ба садояш ҷавоби хуб намеояд ва ҳамин замон субҳ дамида, одамони усто Карим сари хок мераванд, онҳоро мебинанд, кор расво хоҳад шуд. «Бурҳон!» аз аввала баландтар овоз баровард ў, дар бадани писаронаш низ мурғак давид. Писарон афсонаҳоро ба ёд оварда, гумон мекарданд, ки ба ҷавоби садои модар, деве ё ҷине ба сурати аждар аз ғор бурун омада, бо шунаҳи чашмони фурўзонаш дами ғорро равшан мекунад, одамони усто Карим онро дида, сари хок рафтанро фаромўш карда ба ин сў метозанд ва тамошо мекунанд, ки чӣ сон аждар онҳоро фурў мекашад ва тамошогарон механданд. – Бу-ур-ҳо-о-он! – писарони ғарқи андеша як қад париданд ва садои Сангин баромад:
— Аком метарсанд, о-оча!
— Тарсад, мисли кўршапарак дар ғор ҷой намешуд! – зарда кард модар ва идома дод: – Наход дар як қадам роҳ нафаҳмиданд, ки усто Карим мурда, мардум мегирянд? Ба пешонии усто Карим ҳам аз арўс наандохта будааст... Бурҳон! Э, Бурҳон!.. Бурҳон, мегўм! – баландтар баромад овозаш. – Ё баромада ягон ҷой рафта бошанд? – чу маслиҳат ба писарон рў овард: – Намедонед? Албатта шумо намедонед... Ҳама чизро ман бояд донам, ҳама корро ман кунам, ҷафоро ман кашам... Бурҳон мегўм-э! Баро! Гап дорам! Ман аз деҳа баромада рафтанӣ... Гапамро гўям, то дар қиёмат қарздор намонам... – Модар хеле хомўш монд, сипас пурсид: – Раҳ дорад?
Не, ғайри ин раҳе, ки мо дида будем?
— Раҳматии Моҳбӣ мегуфт, ки дорад, мо намедонем...
— Метарсам, ки...
Забони модар нарафт, ки фикрашро гўяд, аммо писарон фаҳмиданд, ки ў дар хусуси ҳастиву нестии Бурҳон андеша дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо