Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ин ҳарф ба Бурҳон хуш омад, аммо намедонист, ки чӣ пурсад ва чӣ ҷавоб гўяд. Ў медонист, ки дар Бухоро мағали андак нест.
Худ аз худ халоиқ ба гурўҳҳо ҷудо шуда, хунрезиҳо мекунанд, аммо маълум нест, ки кӣ мардумро ба куҷо мекашад, намоишҳо барои чиву барои кӣ? Суннӣ мегўянду шиъа, қадим мехонанду ҷадид...
Яке барои пойдории Бухоро кўшад, дигаре онро фурўшад. Зуҳур баринҳо кам нестанд дар олам... Ва равшан нест, ки казакҳо ба имдоди кӣ рафта ба Бухоро...
— Зуҳур ҳам ҳамроҳи казакҳо рафтааст?
Пурсид Бурҳон, аммо надонист, ки барои чӣ пурсид.
— Не.
Муроду матлаби ўро Сангин медонист, барои ҳамин кўтоҳ ҷавоб дод.
— Очаи ин, – Сангинро намуда шўхиомез гуфт Бурҳон, – Очаи ин Зуҳури мастро куштанист. Барои ҳамин пурсидам, ки ў гурехта ба Бухоро рафтааст ё дар ягон мушхона ҷо шуда... агар гурехта бошад, ҷонашро раҳо кардааст.
Марям ба Шариф нигарист. Ў хандид:
— Шўхӣ мекунад. Очаи Сангин – очаи Бурҳон.
Аммо Бурҳон зоҳир накард, ки шўхист ё ҷиддӣ. Ҳушаш парешон, намедонист, Гулсифатро пеши назар орад ё қисмати Бухороро; Бухорои некноми сарсахтро, ки барои гаҳвораи тамаддун буданаш чӣ ранҷҳо кашида, ба сараш чӣ балоҳои нонавиштае омада... ва андеша мекард, ки ҳар чӣ шавад, дар Когон шавад, дар ҳамон ҷое, ки ў аз қатор фаромада буд; Шарифу Марям ҳам...
Аз боғ садое омад, мисли он ки касе ба чизе пеши по хўрда, афтида бошад. Бурҳон парешон шуд. Вале наёрист, ки аз сари девор нигарад. Дигарон низ ин садоро пай бурданд, ки гўш ба қимор буданд. Сангин сари девор рафт. Бурҳон тоқат накарда пурсид:
— Усто Карим?
— Не... касе нест.
Бурҳон ба Сангин бовар накарда, аз рахнаи сархор нигарист ва як сафедиро дид, ки миёни боғ кундаосо паст буд.
— Рафтем, – гуфт Бурҳон ва чанд қадам ҳамроҳи онҳо рафта баргашт: – Шумо рафтан гиред...
— Бе ту намеравем, – изҳор кард Шариф, – мурғе, ки ту куштаӣ, мо пар кандаем... Биё ба хонаи мо... Марям ҳамаашро ба ту мефаҳмонад... Он кас ҷои туро ба Марям гуфтааст, вагарна мо аз куҷо медонистем, ки ту ғорӣ шудаӣ.
Бурҳон бозистод, шах шуд, баргашта ба ў рў овард:
— Кӣ?
Марям ба Бурҳон наздик омад, аз зери кашаш дошта кашид:
— Биё-биё! Ман бо ў дугона шудам...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо