Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

орзу, лоимкон аст чунин нола... «Худо карим аст... вагарна маро бо чунин машаққат аз паси боғи ў манзил намедод...» Дароз менигарист сўи боғу ҳавлии ў, дерёз сукут меварзид буни шах ва тасаввур мекард, ки Гулсифат меояд сўяш. Куртаи сафед ба бар, арўсосо... аз қумоши куртааш дастархон сохта, андарунаш чизеро печонда меорад, вале буни девори боғ ҳайрон, ки чун гузарад аз он. Борони имрўза деворро тар карда, ў намехоҳад, ки куртаи сафедаш олуда гардад. Бурҳон ҷонибаш рафтанист, ў ишора мекунад, ки наё! Наё, ки ҳама дар хонаанд, мебинанд, кор нозебо мешавад... Ва ў чашм кушода ҷуз ҳавову девору замин чизеро намебинад ва боз чашм мебандад, ки Гулсифатро наздиктар бинад: Гулсифат дар ғазаб аст, ки Бурҳон мард шуда, илоҷе ёфта наметавонад, нигарон аст, то Гулсифат роҳе пайдо кунад... Рўз бегоҳ мешуд ва он кабўтари сафед, зери пардаи хокистарӣ миёни хонаву ошхонаву молхона метанид...
Бурҳон гардан ёзида он сў менигарист, ки кабўтари сафед аз назар пинҳон нагардад...
«Аз нигоҳ кардан кўки чашмам канда шуд, ин қадар бепарвоӣ, Гулсифат?»
«...»
Ва чашм мекушояд; хаёлаш ба ҷое рафта. Ба орзу мегузарад:
Гулсифати бо ихтиёр наздаш омадаро рў ба рў нишонда, узромез мегўяд: «Ҷуз замин бўрёе дар бисот надорам, хонаву манзилам сангист, зиндагиам – ваҳшиёна... Ин кори Худо, Гулсифат: аз азал рўзгори берабту бенизомро раво дид, овораи ду ҷаҳон гардонд, инак сарсон мекунад, ваҳшӣ мегардонад...» Ва ў боз дар бораи ба баталиони коргарӣ рафтанаш, вайронаву харобаҳои аз ҷанг боқӣ мондаро обод карданаш, манзили нав сохтанаш, бо мардуми рус шинос шуданаш, саркашии коргарон, бедории халқи рус, инқилоб... ва бисёр чизҳо гуфтанист... вале як саволи Гулсифат ҳама андешаҳоро аз сараш бурданд: «Шариф-кофир барин як зани русӣ наовардӣ?»
«Гулсифат!»
«...»
Садояш ниҳоят паст аст, Гулсифат намешунавад. Нигоҳ намекунад. Умедвор, ки Худо ба дили ў меандозад ва Гулсифат гаштаву баргашта ин сў менигарад ва чашмаш ба ў меафтад; мешиносад, дармеёбад, ки Бурҳон ба ёди ў қаландар гашта, дар ғор манзил гузида. Гўшанишиниаш низ ба ёди ўст.
«Ба ёди ту аз ин дунё мегузарам, Гулсифат... Сўфии кўи ту!»
Ба машомаш бўи пиёздоғ расид, ки рўи тўппа рехта бошанд. Ба дудҳои кабудчаи аз мўриҳо болошуда зеҳн монд. Аз ин ҷо қариб деҳа метофт, танҳо ҳавлии худашон ва чанд ҳамсояҳо паси кўҳи гаштаи Говхона пинҳон буд. Гузари шингиҳо, ки дар адири соҳили чапи рўдхона буд, то айвонҳояшон менамуданд. Дуд мебаромад аз мўриҳои ошхонаҳои ин гузар.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо