Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зуҳурро худатон медонед. Аскарони овардааш ҳама кироя будаанд, каллабур, ғоратгар, роҳзан. Ақаллан то рафтани аскарон эҳтиёт бояд кард... Гумонатон, ки барои беҳбудии деҳа аскар овардааст ё деҳаро аз душман ҳимоя кардан хоҳад? Нее... Ҳамаро мефурўшад ў, ҳама чизро пешкаш мекунад ў. Шумо шинед, ман рафта, милмилак меорам... Ин кори якрўзаву дуруза не, Шарифабону...
— Охир, медонед, онҳо ҳавлию ҳарамро чӣ кор мекунанд?
— Медонам... Шумо дигар чизро фикр кунед... Ҳавлию ҳарам барои тани сиҳату хотири ҷамъ, дар кулфат бошед, хонаву дар бароятон гўр метобад.
— Ман мехоҳам сангсор шуда мурам, баста дар думи асп мурам, аммо гуреза набошам, муттаҳам набошам...
— Аз мурдаи ману шумо замин сер намешавад, имрўз ё пагоҳ замин мехўрадамон... Гапи ман дигар: писаронро эҳтиёт кардан лозим.
Шарифа хап шуд. Дароз ба андеша рафт, суханони Моҳбиро таҳлил кард дар дилу майна ва баровард:
— Не, холаи Моҳбӣ, пинҳон шудан кори дуздон аст...
— Пеши потон мурам, Шарифабону, ҳамин дафъа гапама гиред, баъд майлатон. Як чизро медонам, ки мегўям... Ором шавед. Ман хонаатонро хабар мегирам.
Моҳбӣ ба роҳи миёни деҳа рафт. Як қадам мемонду як ба пас менигарист, ки Шарифа меояд. Хамгаштро гузашту гашташро тезонд. Саргирак сахт ба сар кашида, то касе ўро нашиносад...
Касе ёд надорад, ки Моҳбӣ дар ин солҳои наздик аз ягон кас рўй пўшида бошад. «Кофирон деҳаро гирифтанд, обҳо ҳаром шуданд, ҳаво аз дуди тамокуяшон олуда гашт, наъли аспонашон заминро канд, афту андомашон баччаҳоро тарсонд... инак яғмогариашон сарборӣ...»
Аз хонааш саросема чароғи милмилакро гирифт, санги шарарро низ. Ва ҷониби хонаи Шарифа раҳ сипарид. Аз гардиши тангкўча дарвозаи бози ҳавлии ўро дида, оҳиста-оҳиста пеш рафт. Дами дарвоза гўсолаи чашмонаш бози берўҳро дид, ки мурдаи одамро мемонд. Боз пештар омад, аз дарвоза нигарист; қиёматро дид: лашу луши рўзгор рўи ҳавлӣ афканда буданд, сандуқу таксандуқаҳо пора-пора зери айвон мехобиданд, дарҳо канда, тирезаҳо шикаставу афканда... Ҳавлӣ бад-он монад: лашкари яғмогар гузашта «Кошкӣ намебурдам» гўён пушаймон шуд аз кори карда ва хаставу шалпар рўи остонаи дарвоза нишаст, гарчӣ бар остона нишастан манъ аст... Барҷасту бихест, ки кори хуб кард, вагарна Шарифаро пора-пора мекарданд. Биштофт, то ин хабар ба Шарифа барад.
Вале чашмони бози гўсола ўро нагузошт, ки зуд равад. Нишаст, чашмонашро молид: «Чизе надидӣ аз ин дунё, дилкашолӣ дорӣ ба ин дунё. Беҳуда... Агар зиёдтар умр медидӣ, ҷуз азобу машаққат, лату зарб, таънаву маломат чизе насибат намешуд...

пешина
аз 421
навбатӣ