Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҳайрон, ки аз куҷо шир ёфта, ҳалқи онро тар кунад «Ин ҳам мисли ҳама гуна кори ҷаҳон мегузарад». Ў ягона тораи мўи ғафсро, ки сари холи сиёҳи зери манаҳаш руста буд, даст кард; миёни ду ангушт кашиду сар дод, кашиду сар дод, чунон ки вақтҳои ба танг омадану ба андеша фурў рафтан мекард. Хислати мардонаи Шарифаро аз ҳамин тораи риш медонистанд, ки гўё занони мўйлабдошта ва тораҳои риш дошта феълу хўи мардона доранд. Вагарна кӣ гумон дошт, ки зўри ў ба Зуҳур мерасад.
— Нарав! – аз паи Сангин хитоб кард модар, ки дами дарвоза рафта, аз роғи он Зуҳури заҳрро хабар гирифтан мехост. – Гард!
Баробари ҷаҳида хестани модар Сангин аз роҳаш гашт. Шарифа низ ҷониби дарвоза равон шуд, то бинад, ки аҳволи Зуҳур чун аст. Ў аз роғи дарвоза не, аз сари девори пахлўи дарвозахона нигарист ва дар ҷои афтида хобидааш Зуҳурро надид. Пас гашт.
Садои суми аспон баромад. Пиндошт саворони говкуш Сафедакро лахту палахт карда, ба роҳи омадаашон бармегарданд, аммо садои кушода шудани дарвоза пиндори ўро вайрон кард ва ду савор берухсат вориди дарвоза шуданд. Яке шапкапўш, дигаре тоқипўш буданд. Шарифа ҳам, Сангин ҳам тоқипўши писари Соҳиб – Назрии беимонро шинохтанд, шапкапўшро не...
— Пеш даро! – ба Сангин хитоб кард Назрӣ.
— Барои чӣ вай пеш дарояд? – ба назар ором пурсид модар, аммо таги дилаш ғулғула дошт...
— Давай-давай! – ба найзаи камон Сангинро тела дод шапкапўш.
— Чӣ давай-давай? Худат давай-давай! – пеши писарро гирифта, сина сипар кард модар. – Андоз, гуфта говро куштанд, баччаро барои чӣ мебаранд?
— Говро кушта бошанд, инро ҳам мекушанд, – бепарво гуфт Назрӣ.
Танаи Шарифа ларзид. Аз ҷилави аспи ў дошт:
— Киро мекушанд? А, киро мекушанд?!
Шапкапўш Сангинро раҳо карда ба сари Шарифа омад. Пуршаст омад, то бо пештанаи аспи сурхчааш Шарифаро зада, афтонда, пахш карда гузарад. Шарифа аз зери гардани аспи Назрӣ тарафи рост гузашт ва аз бари ҷомаи савор дошта, зер кашид.
Шапкапўш аспашро ҷилав гардонда ба имдоди Назрӣ расид, рўймолу мўй якҷоя гирифта мушт кард... Зарбаи сахт ба сари Назрӣ расид, паҳлўи аспаш нишеб шуд. Шапкапўш чунин аҳвол дида, мўю рўймоли Шарифа раҳо кард ва даст ба таппонча бурд. Сангин ба дасти ў зад. Таппонча гирифта натавонист ва аз ҳарос пуршаст асп аз дарвоза баровард.
Назрӣ қоши зин оғўш карда, рўи ёли асп сар монда буд. Сангин лаҷом кашида, онро аз дарвоза баровард ва як шаппотӣ ба думғозаи асп зад, то савори беёдро ба манзил расонад.

пешина
аз 421
навбатӣ