Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Се рўз боз Моҳбӣ сари бистари ўст. Писарони парешонро ором кунад, то осуда бошанд, модарашон сахт хобида, ба худ ояд, хуб шавад. Такрор мекунад, ки даву ғеҷи рўзгор, ташвиши зиндагӣ, нобаробарии олам, каму кости ҳаёт ўро сахт монда кардааст, чанд муддат хобида, ҳамаро фаромўш кунад ва ба асли қадим гардад.
Аммо мегўяду дилаш дар такопў, ки Шарифа хезад ё на? Як бор чашм кушоду боз пўшид, чандон хуб набудагӣ барин. Даст ҷониби писарони нимхобу нимбедор, гуруснаву хаста, ишора кард, то садо набароранд, очаро натарсонанд. Онҳоро берун бароварда, оҳиста гуфт: «Бохабар бошед, сари қадам то хона рафта, оҷизаамро хабар гирифта меоям» – духтари хаёлиашро, ки лаби об баромада бошад, баччаҳо масхара кунанд.
— Овоз набароред оташу испанд тайёр кунед, омада, дуд меандозам... Орд ёбед, равған ёбед, омада, бў мебарорам...
Се писар гирди бистари модар сари сукут доштанд, ки ятим монанд, бе аёл ҳоли хонадон чӣ шавад? Чунон шавад, ки дар ин се рўз буд: на дами гарм, на тани беғам, на хотири ҷамъ. Духтар лозим будааст барои модар ҳам, барои бародар ҳам.
Модар ба шифт нигарист. Нигоҳаш сард буд – чизеро фарқ намекард. Писарон аз бетаҷрибагӣ рўи модар хам шуданд, ки онҳоро шиносад ё на. Ў ҳамоно ба сақф менигарист, чунон ки мурда. Бурҳон худро пас кашид ва ба дигарон ишора кард, ки ақиб истанд. Сангинро фармуд, ки яктоз рафта, кампири Моҳбиро бозорад. Сангин ҷаҳида аз дар баромад ва фурсати зиёде нагузашта, баргашт: «Зани Кабир сари зо будааст, момои Моҳбӣ он ҷо рафтааст». Оҳиста гуфт ў ин ҳарфро, аммо ба гўши Шарифа расид. Ў рўй ҷониби Сангин гардонд, ки чӣ гўяд. Ў моту мабҳут ба ҷавоби нигоҳи модар наздаш зону зад. Сар ҳам кард ба сари синаи модар. Модар сар ҳаракат дод, то писари хурдро бибўяд.
Сангин пай бурд муроди модарро, сар пеши манаҳи ў овард. Шарифа мўйҳои расидаи писарро бўйид. Бинии Ҷўра фарох шуд, гиристанӣ буд, аммо лаб газид – худдорӣ кард. Надонист барои чӣ бигиряд? Барои хориҳояшон ё барои ба ҳуш омадани модар?
Онҳо гиря ва нафас дарун дошта, мунтазир буданд, ки модар ба чӣ ҳол гардад –ба худ ояд ё... Инак гиряи гулўгир туғён карда, ўро ларзонд, чунон ки сарпўши чойҷўш аз фишори гармӣ ба ларзиш ояд. Худдорӣ карданист. Китфони ларзон асрор ҳувайдо созанд.
Ба назари ў андаке пеш хона холӣ, сард, хомўш ва бесоҳиб метофт.
Чашм кушодани модар гўё ба хонаи хомўш ҷон ато кард, нуру гармӣ бахшид. Се бародар низ ҷон гирифтанд.
— Об!
Ин садо базўр ба гўши Сангин расид. Нафаси модар ифода кард ин суханро ва ў дартоз рафта дар пиёла об овард. Бурҳону Сангин аз ду тараф сари модарро бардоштанд. Ў об хўрд.
— Харидӣ оба?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо