Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо имрўз ба танг омад, ғазаб кард, ки қозӣ онҳоро ломакон карданист... Сахт барошуфт. Зеро медонист, ки ўро сангсор карда, кушанд, писаронаш рўзе қасд ситонанд, аммо бадарға шаванд, дар ғурбат бенишон гарданд. Шарифа дар додхона фикр накард ва напурсид, ки ин кори кист? Ҳоло раҳораҳ андеша дорад, ки шояд кори Зуҳур бошад; сари по шудааст, умеди зиндагӣ дорад.
Онҳоро бадарға карда болу пар заданист: «Ин ҳукми подшост ё қарори қозӣ?»
Бурҳон низ андеша дошт. Хомўш мерафт, то модар чӣ гўяд.
Ў низ ором буд. Бурҳон хаёл кард, ки рафту кўчидан ба сар ояд, назди Умар рафтан лозим аст. Аммо ҳарос дошт, ки ба модар гўяд.
Зеро шиори ўро медонист: «Кас бояд зери боми хеш бимирад!»
Оташ афтод дар дили ў. Хост занона бигиряд, то нафаси дар гулў монда ҳамроҳи ашк барояд. Аммо мардона худдорӣ кард, ки рўзе Шарифа «гирист» нагўяд. Модар нагиристу писар гирист, нагўяд. Дар қафаси синааш оташе давр зад, чунон ки оташалоб даруни танўр. Танҳо мебуд, хуб буд. Зеро ин алам дар дилаш мемурд, танҳо худаш медонист.
Шарифа зиёда аз ў алам кашад ва пай барад, ки Бурҳон дар мегирад:
— Хафа нашав, баччем!
— Хафа намешавам, оча... медонам, ки чунин корҳоро оқибат нест...
— Кадом корҳо?
— Корҳое, ки онҳо кунанд.
Модар бозистод. Ба Санглох нигарист. Сангтўдаҳоро надид.
Ба Бурҳон рў овард, аммо чизе нагуфт. Бурҳон сар хам кард: «Ба рўдхона афкандем».
— Гумон кардам, ягон кас бурда иморат кардааст.
— Бурданӣ буданд... пирон маслиҳат доданд, ки аз он сангҳои бехосияти ба нияти бад ғун карда иморат насозанд.
Шарифа аз ин ҳарф ба андеша рафт ва ҳис кард, ки пои чапаш аз итоат баромада, майли ҳаракат надорад. «Наход тамом бошад?
Наход ҳама азобу дилтангиҳо, такопўи зиндагӣ кора карда бошад?»
Нишаст. Зеро эҳсос кард ва пиндошт, ки ларзад-ларзаду афтад.
— Чӣ шуд, оча? – бо изтироб пурсид Бурҳон.
— Поям раг кашид. – Ҷавоб дод модар ва даст ёзид, то пояшро молад. Дар асл раг накашида, аз кор монд. Надонад, ки молидан суде дорад ё на, аммо донад, ки як лаҳза хобаш барад, як они воҳид ғанаб кунад, ҳам дамаш ояд, ҳам кўфти танаш барояд ва ҳам роҳашро давом диҳад. Дароз кашидан хост, аз маломати мардум шарм дошт. Гўё асари парешонӣ ва беобии зиёд аст. Мижа ба ҳам бастан лозим... Ҳайҳот! Чизе мадад накунад. Хуфта натавонад, хеста, рафта натавонад... Зудтар аз чашми мардум бояд гурехт.
Чунин ҳолро бинанд, аршро бо фарш банданд.

пешина
аз 421
навбатӣ