Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ва баъд андешаашро мегўяд: «Як ба хонаҳои мардум нигар: ҳама шиферпўшу тупукапўш, фақат боми мо гилпўш... ман набинам ҳам, медонам... Агар пулат набошад, пул диҳам... Росташа гўм, аз даст гирифтан-ба зўрам намерасад, як шифер шаш сўм...»
Ормон ташна монд... Хест. Борхалтаро бардошта баланд сурфид, то аз омадани ў огоҳ шаванд. Саги Ало ба пешвозаш фиғон бардошта омад. «Мур-э, Ало, нашинохтӣ?» гуфта буд, ки Ало якбора бозистод ва пойҳои пасаш заминро харошида чанг бароварданд.
Ало чашмонашро калон кушода ва гўшҳо сих карда, ба ў нигарист ва дум ликконд, иринҷос зада пеши пои ў ғелид ва фўк ёзонда бўй кашид. «Хез, Ало, хез!»
Ва дар сари марза пайдо шудани модараш асилию хубиҳои Алоро аз ёди Ормон бурд. Ормон дид, ки дасти модар рўи синаи чап рафт. Писар ин ҳолатро ҳамон хел дар хотир гирифт ва гумон кард, ки дар олам аз он муаззамтар ҳайкали модар нест: ниҳоят баланд, зебо ва аз ҳама хубаш муҷассамаи ҳусн асту малоҳат. Ў пай бурд, ки модараш беовоз таъзим карда ба ў салом мегўяд; саломаш ба саломи бибихалифаҳои мактабдида монанд. Аз рўи модар нур меборад, вале ў оташ мондаасту чаро дар даст остинчаю рафида надорад? Фақат нўги остини чап ва болои абрўи росташ олудаи орд аст. Модар аз сангзинаҳо фуромада, ҳамон тарзе ки ба пешвози писар ҳар бор такрор мекард – даст ба банди дил зада, «очакат мурд!» мегуфт. Гўё миёни ўву шавҳараш ҳарфе нагузашта буд, Ормон зери обу арақ намонда буд.
— Биё-биё, дардат ба ҷонам... Сиҳату саломат ҳастӣ? Келин чӣ хел? Баччаҳо чӣ хел?
— Ҳамашон нағз. Пурсиданд. Худатон чӣ хел?
— Нағз, баччекам, нағз...– Аз пешонии ў бўсаҳо гирифта, мегўяд модар.– Мўйсафед гуфтор доштанд, ки мебиёӣ...
Ормон рўи марза набаромада, так-таки воиш назди падар рафт.
Пирамард рўи суфа дар сояи чормағз менишаст. Тоқии махмали сабз дар сар дошт – ҳамранги барги чормағз. Айнак дошт, айнаки ҳадақааш сиёҳ, риши сафедаш қайчизада. Куртаю эзори суфи сафед ва яктаҳи кабуди рахсафед пўшида буд ва дар пой маҳсии хироми таксурх дошт. Гўё омадани писарро дониста, озода шуда нишаста бошад. Ормон ҳамин сурати падарро дар хотир нигоҳ доштааст. Ҳар гоҳ падарро пеши назар оварданӣ шавад, ҳамин сурат: риши сафед ва айнаки дастасиёҳ ба чашм меояд...
Пирамард чорзону нишастааст. Дастон рўи пойҳои чиллаквор гузоштааш такя монда, андеша мекунад. Саллаи пишовурии Ормон аз чаканафурўше харида овардааш, ки гирди тоқии дигар печонидааст, лаби болишт меистад. Дар паҳлўи он асо. Дар паҳлўи чапи пирамард дастархон, сачоқ ва чойнику пиёла. Ормон сумкаашро лаби марза гузошта, дурудароз ба падар нигарист, сонӣ назди ў рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё