Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Хаёлам ки аз назарам дур нашавед, – даст ҷониби кўдак мебурдагӣ барин дароз мекунад пирамард.
— Кӣ мекунад? Қатор-қатор баччаҳо доред, ки... – Келинчак давоми сухан нагуфта, ҷониби дарвоза нигарист, ки омадани Ормонро пай бурда бошад, вале дарвозаро пўшида дида боз ба ошхона даромад.
Пирамард боз сар ба зер афканда сукут карда, баъди хеле вақт ба Келинчак сар фаровард, ки дар табиати ў чунин хў набуд: «Хаайр, гуфтам-ку, кори ту.» Пешонии Ормон арақ баровард. Гўё аз ин қадар роҳи дуру пуразоб ва хавфнок барои ҳамин ҳарфҳоро шунидан омада бошад; гўё барои чунин суханон ва «таънаро шунидан» рўи таксинҷи дарвозахона дуздона нишаста бошад. Ва гўё касе ўро ин ҷо маҷбуран нишонда бошад, то подошашро бигирад...
Аввал пешониаш арақ кард, сонӣ танаш тар шуд ва арақ аз паси гўшаш шорида, гарданашро молида поён рафт ва ба куртааш расида тар кард – либосаш тар шуд...
Магар оташи танўр аланга гирифт, ки дудаш кам шуд. Дами пирамард низ дарун зад магар, ки хомўш монд. Ҳолати шавҳараш ба Гулсифат таъсир кард, ки баланд-баланд гуфт:
— Ба хондан намонед, гуфтам, гўш накардед, акнун азобашро кашед.– Боз тоқат накарда аз ошхона баромад Гулсифат. «Ҳа-а, инҳо бесоҳиб мондаанд. Бикаф... Замин, бикаф, ки ман дароям...»
Ў ранги рўи паридаашро намедид, лекин пай мебурд ва барои ҳамин намехост, ки бо чунин аҳвол назди модар равад, зеро ў зуд аз ранги рўи ў пай барад, ки бо писар чӣ ҳодисае рух додаст. Барои он ки Ормон аз қайди чунин андешаҳо барояд, ба бому бомгўша ва дару тирезаҳои кайҳо боз таъмиру тармим надидаи хонаи падар чашм чаронд. Дар рўи боми падар гандум рўида буд, напухта, бод бардоштааст, лолахасакҳо низ хушк шудаанд.
Пардабомҳои болои ҳам андударо сармо зада, қабат-қабат ҷудо шудаанд ва пора-пора афтидаанд, лои онҳоро барфу борон шуста, қад-қади девор нақш гузоштааст. Ормон хиҷолат кашид ва акнун арақи сару гарданашро рўймолчаи таршуда чида наметавонист.
Ў арақоби рўймолчаро ҷафида аз нав арақи сару рўй ва паси гардану пушти гўшҳояшро пок кард... Соли пеш ҳам аҳвол чунин буд ва ў ба падар ваъда дода буд, ки имсол чўбу тахта оварда, шифер харида, бомро шиферпўш мекунад ва падару модар баҳузур мешаванд ва модар аз субҳ то хуфтан рўи намӣ пой намегузорад.
Хиҷолат кашид ва ин хиҷолаташро ҷуз худаш каси дигар намефаҳмад. Ў хоҳад, ки ба падару модар хизмат кунад, лекин имконият кам: раҳ дур ва дар мўҳлати мураххасӣ илоҷи чўбу тахтаю шифер гирифтан нест. Дар бисту чаҳор рўзи осуда фақат ваъда гирифтан мумкин аст. Ва ў имон дорад, ки боз ин корро сомон карда наметавонад... Писар арақшор шуд. Буд-набуд падар ваъдаи соли гузаштаро таънаомез набошад ҳам, гилаомез ёдрас мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё