Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— О, ҳа! Чӣ мегўед? Сил кардедама-ку! – ҷонаш ба танг омада дод мезанад модар.
Пирамард садои ўро намешунавад ва ба тарзи дигар ҷеғ мезанад: «Келинчак! Ҳо, келинчак!» боз ҷавобе нагирифта, андаке забон бароварда, шўхӣ мекунад ва мисоли сангпушт гардан миёни китфон фурў кашида аз номи Келинчак мегўяд: «Му-ур! Дамат гирад! Дастакча кунам!» Ва гўшбақимор мешавад, ки Келинчак ягон чиз мегўяд ё не. Садое намешунавад. Боз паррандасурат гўш яктарафа карда, бадиққат мунтазири овоз мегардад ва «ҳа-а» гўён ба хулосае меояд: «Нестӣ?.. Об-ба рафтӣ?.. Гов меҷўшӣ?.. Ош?
Хайр, майлат... Офтоб ҳам ба сари кўҳ расидагист... А, Сангинбой?! Намози дигар шудагист..?» сухан қатор мекунад, ки шояд ба ягон ҳарфаш ҷавоб ёбад. Ҷавоб ки наёфт, ҷониби теппаи Говхона менигарад, то офтоб ақаллан дар чашмаш шафақ барин тобад ё на. На, ҳатто монанди косаи шире, ки дар рўяш равғани доғ рехта бошанд, ба чашмаш наметобад... Чунин муколамаи падару модар барои Ормон нав метобад; агар ў назди онҳо бошад, чунин гуфтугў намешавад. Бинобар он Ормон қарор дод, ки каме таги дарвозахона нишаста гўш диҳад, то онҳо боз чиҳо гўянд; фақат барои он ки ин чизҳо барои ў лозим аст – саргузашту қисмату хислатҳои падарро омўхтанист, чунки чунин хислатҳо ба пурсидану хостан муҳайё намешавад. Ҳавлӣ ороми ором шуд. Тапиши дили ў низ басанда гашт. Ва ў қарор дод, ки дарвозаро оҳиста кушода дарояд.
Дарвозаро тела дод, вале табақаи он кушода нашуд. Вазнин ва дар ҷое гирифт мекардагӣ барин. Ў аз роғи дарвоза нигарист, ки шояд занҷир андохта бошанд, аммо зулфини он овезон буд. Аз ҳалқаи дарвоза дошта бардошт ва тела дод. Паллаи дарвоза ба такдарӣ совида, ғаррӣ садо баровард. Ормон сўи хона нигарист, ки садо ба гўши модар расида бошад, нигоҳ мекунад ва ўро дар чунин ҳолати дуздона дида «кадомӣ?» садо медиҳад. Ў сумкаро даруни дарвоза монда, рўи таксинҷи бурс нишаст. Ба болорҳои дарвозахона ва болодарии вазновардаю хамхўрда нигариста, сабаби ба осонӣ кушода нашудани дарвозаро фаҳмид ва худ аз худ сар ҷунбонд; сар ҷунбонд, ки дар вақташ чӣ зайл ин дарвозаю дарвозахонаро бо меҳру муҳаббат, бо талош ва бо ҳавасу хоҳиши зиёд сохта буданд: ҳам усто ва ҳам ҳашарчиёне, ки хабар накарда омада, дастҷамъона сохта буданд. «Додои раҳматиатон усто Қодир дар ин обрав номдор буданд, аз Ашриқ то Машриқ иморат пўшонданду ба худашон як дарвозаи ҳалол насохтанд» – гуфта буд усто Қосим синҷро ба китф бардошта.
«— Кулол дар мундӣ об хўрдааст, усто» – сухани усторо қувват медод Зиё-паҳлавон нўги дигари синҷро гирифта.
«— Хайр, аз падарашон нею аз мо – нишона» – гўё ба салоҳ оварданӣ мешуд муаллими ҳамсоя.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё