Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ҳатто ба пас нигоҳ ҳам накард, ки рафту кампири Иззат бошад, имрўз ў ба хона намерасад... Кампири Иззат на танҳо касро бо ҳарфаш шефта мекунад, балки афту андом ва қаду қомати пиронааш ҳам таваҷҷўҳи бинандаро мекашад. Ў қоматбаланди хароб ва ҳама вақт сари остини чапаш барзада, ки гўё чашми сангкафон дорад. Ҳадақаи чашмонаш фурўрафта ва бар онҳо абрўвонаш чунон тобанд, ки ду пари зоғи сиёҳро канда часпонда бошанд. Биниаш мурўди калон ва вақти гуфтор ҳарфаш аз даҳон не, балки аз биниаш – димоғӣ мебарояд ва пирамард, ки гаронгўш аст, ҳарфҳои ўро возеҳ намешунавад, бинобар он гаштаю баргашта мепурсад, ки ҳам ба ҷони худаш мерасаду ҳам ба ҷони ҳамроҳ. Вале барои кампири Иззат фарқ надорад; агар пирамард даҳ бор пурсад ҳам, ў ба такрор гуфтан мегирад.
— А-а? – каф бар гўш гузошта мепурсад пирамард.
— Мегўм, ки пир шудем, даври мо гузашт, – дигар ҳарф набудагӣ барин мегўяд кампири Иззат.
— Не-е, апа, пир не, мир, – хандида мегўяд ў, то кампирро дилдорӣ кунад.
— Ман ба дили шумо қоил, додар, – вақтхушии ўро дар назар дорад кампири Иззат.
— Хайр, чӣ кор кунам, апа? Худама кушам, нашавад. Ҳаром мурд, мегўянд, ҷаноза ҳам намекунанд. Дигар чӣ кор кунам? Рўзамона нигоҳ карда мешинем-дия... А-а?
— Кори худаш, даркор бошем, мегирад.
— Ҳамин-дия...
...Баъди чанд қадами дигар ў наздик ба дарвоза омада, онро кушода... балки кушодан лозим нест; миёнбандони зиёд асобадаст дар саҳни ҳавлӣ гулу гиёҳ, ҷўяҳои киштаро пахшу ҳамвор карда, давра гирифтаанд ва нолаву мўяву гўя доранд; кӣ будани падарро қиссаву достон мекунанд; писар хоҳад фаҳмиду донист, ки чӣ қадру эътибор доштааст ў… На! Медонист, медонад. Вале бозии рўзгор ўро андармон медошт; андеша мекарду илоҷи ёрӣ надошт…
Ҳар бор ў падар – падари оҷизу барҷомондаро дар зери дарахти чормағзи азими бобоӣ дармеёфт, ки сиёҳии аз пеши назараш гузаштаро пай бурда «кӣ?» мегуфт ва даст ёзонда бари домони ўро доштанӣ мешуд...
Чун Ормон ба дарвоза наздик шуд, чунон дилаш дар сандуқи синааш зад ва чунон садое омад, ки касе кўба ба дарвоза мекўфта бошад. Вале садои задани дили ўро фарёди баланди падар пахш кард.
— Сангинбой! Ҳо, Сангибой!
— Ҳа-а! – бо иллат ҷавоб мегардонад модар.
— Сангинбой! мегўм!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё