Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Чӣ мадад?
— Маро ҳамроҳ биҷўем...
— Ҳа-ҳа-ҳа...
«Масхара, рост, масхара... ман масхара шудаам...»
— Хафа шудед, Ромиз? – сари хам ва манаҳ соидани ўро дида пурсид Ҷаҳоноро.
— Не, андеша кунам, ки дар ҳақиқат шумо маро ҷуста ба хонаи мо рафтед... ё...
— Не, Ромиз, ҳазл кардам. Имрўз кори мактаб тамом шуд, гуфтам, ки як дадамро хабар гирам. Чанд вақт боз бо имтиҳону корҳои мактаб овора шуда, ҳамаро фаромўш кардаам...
— Ҳатто Ромизро ҳам...
— Не... Ҳа не, чаро? Ҳама вақт фикр кунам, ки дар рўзҳои наздик ягон намоиши нав шавад, шуморо дар саҳна бинем...
«Ин киноя, наҳ ё масхара, ё воқеъан чунин хоҳад?... Донӣ, ки дар театр кор накунам, чунин суханҳо маро сахт расад, магар қасдан гўӣ...»
— Аҷоиб зан доред Ромиз, Хола-муллотон шайдо...
«Инаш барои чӣ?»
— Суханоне, ки шумо дар бораи ў мегўед, айнан дар бораи шумо гўяд... Ҳатто гўяд, ки «Ромиз, ба шумо чунин зан лозим буд, ки ҳама чизро сарфаҳм равад, ба шумо хизмат карда тавонад, ман хизмат карда натавонам».
— Чунин гуфта беш аз хизмат...
«Ба ман ҳамин чиз лозим буд... Ман медонистам, ки ту ин хел зан нестӣ, Ҷаҳоноро... Саида дуруст гўяд, ба ман ҳамин хел зан лозим. Ту хафа нашав, Саида – зани занон, Саида хафа нашавад, Ҷаҳоноро – шоҳи занон... Лекин чӣ илоҷ?..»
— Ҳҳ-а-а... Инашро донам, донам, ки шумо кадри худро донед, ба қадри дигарон ҳам расед... Лекин барои чӣ маро азоб диҳед?
— Ман шуморо азоб диҳам? Чӣ хел?
— Илтимосамро қабул накунед...
— Чӣ илтимос кардед, ки ман қабул накардам?
— Ташвиши мактаб тамом шуд, шумо озод, ман бекор, равем сари теппаҳо... ё... барои ин мошин лозим?
Ҷаҳоноро рост ба чашмони Ромиз нигарист, ҳеҷ гоҳ ин хел нанигариста буд, Лекин нигоҳаш чӣ маънӣ дошт, Ромиз фарқ накард. Дилсузӣ ё дашном, таҳқир... ё чӣ? Аввал дигар хел буд, сонӣ дигаргуна шуд. Ба назари Ромиз расид, ки ў шери ғазаб гашта, ягон ҳарфи сахт гўяд ё як торсакӣ ба баногўши ў фароварда, дигар рў ба рў нагардад...
— Рўзи худо бисёр, ягон вақт ҳама равем...
Ромиз мот шуд. Ҷаҳоноро боз ғалаба кард. Аз мард ҳам мард ин зан. Худро гум накунад, худдорӣ карда тавонад, дар ҳар ҳолат сухани мувофиқ гўяд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо