Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ў рост ба театр рафт, назди мудири шўъбаи кадр даромад:
— Директор ба аризаи ман имзо гузоштанд ё не?
— Не. Наздашон дароед будааст...
Ромиз гаранг шуд – дарояд ё на? Дар ин «бозӣ» мудир чӣ айб дорад? Балки борҳо одам монда буд, ки Ромиз наздаш ояд. Ў якравӣ кард: бо режиссёр гапаш гурехт, ҳама ўро мисли режиссёр тобанд; мудир дигаргуна; мудир дар роҳ дида «баччагӣ накун»
гуфта буд, бо вуҷуди он нашуд.
— Ман туро дигар хел гумон мекардам, ба ту ақл шудан маъние надорад... Гумон кардам, ки чанд рўз мегардию пушаймон шуда, меоӣ, ба ҷои он ариза... Хўш-э!
Ромиз мудирро нашинохт; аз кадом драма тўтивор сухан гўяд.
Ё Ромиз аз ҳаёт қафо мондааст ё ҳаёту одамон саҳнаи театру актёр ҳастанду ў нафаҳмад. Гумон кард, ки сармуҳаррири Телевизион дар як лаҳза дигар шуд, лекин ҳоло донист, ки ҳама дигар шудаанд:
бадон нек шудаанд, некон боз нектар. Рост. Чаро зиндагию замон дигар шаваду одамон на? Зиндагӣ ҳамаро дигар кунад.
— Шуморо ҳеҷ кас аз театр нарондааст...
— Лекин ҳама ҷо овоза., ки маро аз театр пеш кардаанд.
— Кӣ? Гуфта бошанд ҳам, наздикони худатон гуфтаанд, ман аз чунин гапҳо дур, нашунидаам.
— Шояд...
— Шояд не, рост. Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам....
— Рост, – тасдиқ кард Ромиз. – Лекин ба ман ҳуҷҷатҳоям лозим.
— Гап якта: ролҳоятонро такрор кардан гиред.
— Ман ба режиссёрии телевизион розигӣ додам...
— Чӣ!!! – фарёд карда хест мудир. – Ҳуммм... – баргашта нишаст – Беақлӣ аз ин зиёд нашавад...
— Магар касе ба шумо фармон дод, то маро аз театр ҷавоб надиҳед?
— Чӣ, ман худам ақл надорам? Алоро аз бало фарқ карда натавонам? Ман надонам иқтидори Ромизро?
— Ба ҳар ҳоле ман ваъда додам...
— Ҳеҷ гуна ваъда! Агар Маскав талабгор шавад ҳам, ҷавоб намедиҳам! – пурғазаб гуфт директор. – Чӣ, театри тоҷик ҳақ надорад, ки «Отелло»-ро, «Шоҳ Лир»-ро ва «Ҳамлет» барин шоҳасарҳоро ба саҳна гузорад?.. Боз мегўям, ки ба кайк ситеза карда пўстинро сўхтан кори оқилон нест... Эҳ! Агар ман, ба ҷои шумо мебудам...
— Хайр?.. Чӣ кор мекардед?
— Худам медонам чӣ кор карданама...
— Ман ҳам донам чӣ кор карданро.
— Пас чаро намекунед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё