Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ромиз ҳайрон монд ва табассум карда даст ба вохўрӣ ёзид.
— Мурод Алиевич Алиев, – худро шиносонд.
— Мешиносам, муаллим, мешиносам, – гуфт Ромиз даст ба манаҳ бурд. Чӣ ба ёдаш расид, ки даст фароварда нигарон истод.
Чизе дар дилаш нагунҷид.
— Тарафҳои мо ҳам меомадаанд-дия, – тахмин сари гапро наёфта гуфт Мурод Алиевич.
— Гардиши фалак, Мурод Алиевич, – ҳазломез хандида гуфт Ромиз.
— Хайр, шинанд, – курсиро нишон дода гуфт ў ва тугмачаи паҳлўи мизашро пахш кард. Котиба аз дар сар халонд ва аз ишораи сармуҳаррир чизеро фаҳмид, ки боз дарро пўшид ва сўҳбати онҳо қўр нагирифта, як чойник чой бардошта омад, Мурод Алиевич дар тақсимае мавизу мағзи донак баровард.
— Ҳоло ҳамин хел гўед, – пиёлаи чойро дароз карда гуфт ў.
— Ҳамин хел, Мурод Алиевич, мубориза мебарем, – чеҳраи кушоди ўро дида ҳазл кард Ромиз.
— Хеле хуб. Ҳаёт ҳаст – мубориза ҳаст. Вале ҳушёр бошед, ки аз ҳаддаш нагузарад.
— Кўшиш мекунем...
— Шахсан ман хурсанд, ки шумо ба идораи мо ба кор оед.
Телевизиони мо аз режиссёр наосуд, лекин мо аз шумо умеди...
Бубахшед, – гўшаки телефонро бардошта гуфт Мурод Алиевич.
Чойи пиёла хунук шуд, Ромиз онро фаромўш карда буд. Ў ҳайрон буд, ки чунин муомилаи Мурод Алиевич аз чӣ сабаб бошад.
Вай бо касе дар телефон шод ва хуррам гап мезад, вале якбора сурфида чӣ гуфтанро надонист, ранги рўяш канд; «Ҳа, ҳу, уҳу»
ҷавоб дод ў ва «баъд-баъд» гуфта гўшакро ба ҷояш бозгузошт. Ва гўё, ки аз сўҳбати Ромиз сер шуда бошад ва аз гуфта пушаймон, пиёлаи холии рўи мизро давр занондан гирифт:
— Чой резам? – ба Ромиз рў овард ў.
— Ташаккур!..
— Набошад, гап ҳамин: мо як фикр карда бинем...
Ромиз аз идораи ў ҳайрон баромад: «Одам дар як лаҳза садранг шуда метавонистааст...»
Соҳиб хандида сўяш омад ва таппӣ ба китфи Ромиз зад. Ромиз ин рафтори ўро фаҳмид, ки аллакай миннатдор кардан хоҳад, аммо Ромиз ба ў чизе нагуфт...
— Чӣ шуд, Ромиз? – ҳайрон пурсид Соҳиб.
— Ҳеҷ чиз, – базўр ҷавоб дод Ромиз ва хеле сукут варзида, ба гап даромад: – Ман кайҳо худамро гум карда будам, вале кор то ҷое расида, ки ҷустани худро ҳам фаромўш кардаам.
... Ромиз паррандасифат гардан тофта ба пас нигарист, вале гўшҳо фиребаш додаанд; садои пошна набуд ва касе ўро ном нагирифтааст; хаёл будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё