Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Ҳамин? – бо ишораи абрў Ромизро нишон дода пурсид мардак ва хандид. Лабаш каҷ шуд. Вале дигар ҳаракати зиёд карда натавонист. – Барои ҳамин шуда ту аз ман рў гардонӣ? – Боз хандид ў, вале аз хандааш садои нолиш баромад. Ў боз ҳаракати хестан кард, натавонист. – А? Барои ҳамин?..
Ромиз оҳиста-оҳиста пушт рафт ва беруни дарвоза шуда, хеле истод, арақи сару рўй пок кард ва ба андеша рафт, ки чунин гуноҳро дар назди бемор чун шўяд, то боиси маломати Ҷаҳоноро нашавад. Дертоҳ нигарист, ки шояд Ҷаҳоноро баромада роҳ нишон диҳад, ки ҳам ба бемор писанд ояду ҳам ўро аз хиҷолат барорад.
Аз дарвоза тугмачаи зангро ҷуст. Пайдо накард. Сонӣ айнаки сиёҳро ба чашм гузошта, пиҷак кашида, ба ҳалқаи дарвоза овехт ва сурфида вориди ҳавлӣ шуд ва баробари Ҷаҳонороро дидан худро бой надода пурсид:
— Духтур даъват карда будед?
Ҷаҳоноро чизе гуфта натавонист, лекин бемор каме аз болин сар бардошта «Ҳа, даъват карда будем» – гуфт. Ромиз ба Ҷаҳоноро эътиборе надода, назди бемор рафт. Бемор ўро шинохт ва чизе гуфтанӣ шуд, ки забонаш гирифт.
— Чӣ дарде доред? – пурсид Ромиз, вале бемор ҷавоб гуфта натавонист, ҳарчанд ҳаракат кард, ки «Дасти беҳолу бемадорашро чунбонад, нашуд.
— Фалаҷ? – аз занак пурсид Ромиз.
— Аз фалаҷ батар.
Ромиз хушмуомила, нарм ва дилсўзона ба бемор наздик шуда, дасти ўро бардошт: ба дасти одами зинда монанд набуд он даст, гумон кард, ки ба устухони шикаста гўшту пўстро часпонида бошанд. Ў оҳиста даст ба сари дили бемор бозгузошт ва ба зани нозанини вай нигоҳ карда гуфт: «Ҷуз усули табобати Абўалӣ усули дигаре суд накунад».
— Чӣ гуна аст он усул? – пурсид Ҷаҳоноро.
— Бо теғи тез буридан.
Ҷаҳоноро даҳшат дониста рўй бо кафи дастон пўшид.
Бемор ба таври худ чӣ фаҳмид, ки табассум кард.
— Розӣ шумо? – аз ў пурсид Ромиз.
— Ба чӣ? – оҳиста пурсид бемор.
— Ин дастробояд бурид, – ишора ба дасти бемори ў кард табиб.
— Не! – садои баланд кард бемор ва ба назари табиб намуд, ки дасти бемори ў андаке ҷунбид.
— Табар биёред! – ба занак фармуд табиб.
— Не! – боз фарёд зад бемор.
— Зудтар! – фармуд ба занак, вале ў ҳоло ҳам даст аз рўй барнагирифта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё