Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ягон бор чунин андеша ба сари мо наомада буд. Тоҷикистонро як пора медонистем. Бидон, ки ҷудойиҳо чӣ гуна ва аз куҷо ибтидо мегирад.
«Бори амонат»-ро ба мошини боркаш бор карданд, Лоиқ! Ман ба мошини Комрон нанишастам, ки Зебинисоро барад, Саборо барад, Мумтозро барад. Ба мошини Азизбек нишастам, то аз паси тобутат равам, дар роҳ шикаст. Толеамро гардам. Ин чиз хосу насиби ман аст; ту хуб медонӣ, Лоиқ! Ҳама вақт чизе ё касе бояд маро халалгор бошад. То мошини дигар пайдо карда назди бинойи театри ба номи Айнӣ расидам, ки тобути туро ба толор дароварданд. Дасте мисли ғавчўб пеши роҳи маро гирифт ва боздошт марову ҳамаро. Он даст маро мешинохт ва дугонагӣ будани моро медонист. Аммо ба баҳонае боздошт. Зери офтоби тамуз, миёни ҷомайи сиёҳ арақшор шудам. Миёнам баста, сарам пўшида, сўхтам. Ҳам баройи ту, ҳам аз офтоб. Баъд чӣ шуд, медонӣ? Маро иҷозат доданд, ки дароям. Даромадам, аммо ба сари тобутат нарафтам. Зеро дўстон ва ошноҳо зиёд буданд. Дами дар истодам ҳамроҳи Юсуфу Зафар, то меҳмононро «хуш омад» гўем.
Ҳай меомаданд дўстону душманон ва ман надонистам, ки нотавонбинон баройи чӣ меоянд? Ту намедонӣ, Лоиқ! Дар он тараф, рў ба рў тобути Додхудоевро гузошта буданд, шояд он касоне, ки ту дар зиндагиат ҳамсўҳбат шудан намехостӣ, ба хотири он кас омада бошанд? Инро ман хаёл мекунам, вале ту парво надорӣ, чунон ки будӣ. Мадорам намонд, Лоиқ! Хаёлам нерўям ашк шуда рехт ва такя бар сутун задам. Ҳамин қадар медонистам, ки сиришк аз дидагонам мерехт ва гарданам каҷ, сар бар сутун зада будам ва як дастгоҳи сиёҳ сўям менигарист. Ба назарам, ҳолатам баройи наворбардор аҷиб метофт. Дастгоҳ наздик мешуд ва ашки шорони ман акс меёфт дар он. Наворбардор маро дилдорӣ кард.
Шинохтам, ки Олимҷон буд. Он ки дар борайи Лоиқ «Чилмеҳроб»
сохтааст. Ў мешинохт моро, медонист як ҷўра одамро ва баройи пасовандон навор мегирифт.
Фориғи кор ману Зафар аз назди тобутат гузашта, ҷанозайи Додхудоевро зиёрат карда, боз ба назди тобутат омадем ва гиряйи Комронро дидам. Ў хаёл мекард ки ман мурдаам, ҳамчунон мегирист. Ё баройи он, ки маро аз ту ҷудо медид...
...Ва бароварданд тобутатро. Гузоштанд паҳлўйи ҳам тобутҳоро. Мани танҳо ба зинаҳойи пешайвони театр ҷой гирифтам.
Ҳамаро медидам, вале намешинохтам. Ё нури чашмам кам шуда буд ва ё нури офтоб намегузошт, ки ҷеҳраҳоро бинам.
Райиси шаҳр, дўсти Лоиқ – Маҳмадсаид Убайдуллоев аввалсухан гуфт, ки меҳру муҳаббати худро зимни шарҳи ҳол иброз дошт. Ва ҳар кӣ сухан мегуфт ба ду тобут рў меовард: Қаҳҳор Маҳкамов, Султон Мирзошоев, Камол Насрулло.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор