Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мебод Тоҷикистонрову қуллаҳойи онро ва қаҳрамононашро ва фарзандони номдорашро? «Ду имом»-и онро, «Сулҳи деринтизор»-ро, «мўҳрайи шикаста»-йи моро, «решайи бурида»-йи моро, таърихи моро, таммаддуни моро... ва ҳар бузургиву баландиву шукўҳу шаҳомате, ки доштему дорем?
Лоиқ! Ман ин саҳар боз аз бемористоне, ки 230 шаборўзатро дар он ҷо гузаронидайӣ, гузашта омадам. Ҳар рўз ба умед будам, ин субҳ ноумед. Он ҷонвараки хушхон, ки мурдаашро сари бора гузошта будам, натофт. Ё «сайёде» бурдааст ё шариконаш.
Лоиқи ҷон! Ҷонам месўзад! Охир чун шавад, ки ту дарёзиву ман ба по истам? Ман ҳам бояд паҳлўйи ту бошам. Ман танҳо мондам. Чунон ки ту танҳо будӣ бо ҳама халқи олам. Зеро ту дигар кас будӣ: ақидаат, андешаат, фикрат, дидат дигар буд ва миёни ҳама хешро танҳо меёфтӣ. Ва мегўянд ҳам: Лоиқ миёни шўру шарар танҳо монд. Ҳоло низ танҳойӣ. Андар маснад хуфта танҳойӣ миёни мо ва ман низ танҳоям бе ту.
Лоиқ! Дарку эҳсос мекунӣ, ки мебўсамат? Мурдайи ту дуввумин аст, ки мебўсам. Мурдайи сарди падарамро бўсида будам.
«Во падарам!» гуфта, бўсида будам аз рухи чапашон. «Во бародарам!» гуфта, мебўсам аз рухи ростат. Серунийи ҳар ду якранг.
Ва як эҳсосе, ки андар рухи зиндагон намешавад, боқӣ монд дар лабонам.
«Во додарам!» Гардан мегирем; гардани бародарро, гардани додарзодаҳоро, гардани дўстону ёронро. Ва он гоҳ мегўем хостаро, шудаву гузаштаро ва бударо. Бештар зану духтарон, хоҳарон, модарзан ва қадрдонҳо месўзанд. Гўя доранд, мўя доранд... саргузашт мегўянд, дил холӣ мекунанд.
Хона тангӣ мекунад. Мардон бурун мераванд нолон. Ман истода наметавонам ба по. Ҳар ҳолдоне, ки омад, гардани маро мегирад ва дилдорӣ мекунад, ки бародари ҳамтани Лоиқ манам.
Мадорам рафта, бар курсие менишинам. Айб бошад ҳам, чунин корро мекунам, зеро пойҳойи беҳанг вазни ҷуссайи лоғарамро бардошта наметавонанд. Дареғ! Тахтайи мурдашўйиро дароварданд. Ва охирин дидори мо ҳамин буд. Сад дареғ!
Лоиқшоҳ! Аспи чўбиро оварданд! Саворат мекунанду мебаранд.
Рўйи дастҳо шудӣ. Аз хонайи танг баровардани тобутат ва ҳамайи тобутҳо чандон мувофиқ нест. Зеро ин хонаҳо баройи зиндагон аст, вале мо ғами мурдаҳоро мехўрем. Даст ба даст, сари даст меравӣ нозгунҷи миллат, дидадаройи халқ, ғамхори ватан. Тори сар мебардорандат ва дасти баъзеҳо намерасад ба тобутат. Аз ҷумла дасти ман. Ягон фикр ба сарат наояд; мегўям: аввалан мадор надорам, дигар ин ки маро дур карданд... Не-не! парешон нашав!
То туро дар сафар парешон накунам, ягон вақти дигар мегўям.
Нигарон бош! Ҳамин ки ба наздат омадам, мегўям. Ҳамин қадар зикр мекунам, ки ба назари баъзеҳо ману ту бегона, зеро аз миёни зодгоҳамон Зарафшон ҷорӣ мешудааст.

пешина
аз 428
навбатӣ