Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Акнун ман менолам, Лоиқ! Аммо ту намешунавӣ. На! Бояд шунавӣ. Ҳоло, ки салот накашидаанд, бояд шунавӣ. Бояд ҳама нолаҳоро дар навори мағзи зудгиру дерфаромўшат бигирӣ ва бо худ дорӣ. На, Лоиқ! Гўш надор, ман ҳоло нола намекунам, балки мисли модар ашк мерезам. Ана бубин: лабонам чун лабони ту баста, хомўшам, аммо аз дидагонам об мешорад. Ин чашмайи хушкнашаванда бувад андар сўги ту! Ба назарам маро ҳамин чиз нобуд мекунад. Чун равғани чароғ нам-нам кам мешавад. Маро мехўрад ва...
... ва ман мемирам... Аммо намедонам, ки дар паҳлўйи ту хок мешавам ё на! Агар чунон мешуд, чӣ кирдорҳойи пас аз ту рух додаро меовардам бароят.
Вале ту медонӣ, ки ба назди кӣ меравӣ? На! Фикре ки мо доштем, нашуд: аз устод Турсунзода дуртар. Маро бубахш, Лоиқ, аз ноилоҷӣ ҷойи гўратро мо – Қоришарифу ман интихоб кардем: дар паҳлуйи гўри устод Улуғзода. Он ҷо боз устод Икромӣ, Миршакар, Ниёзӣ, Муҳаммадиев, Қутбӣ, Одина Ҳошим, Сайф ва Тўҳфахону Малика ҳастанд. Исҳоқӣ низ. Ҳамон Исҳоқӣ, ки наздашон равем, «Лоиқҷон омадаанд» гуфта, шиша мебароварданд. Лоиқ!
Қисса бикун ба онҳо, ки баъди сарашон чӣ рухдодҳое буд. Ба Сайф нагўйӣ ҳам, мешавад. Зеро ў бисёр чизҳоро медонад, ҳатто зиёдтар аз ману ту. Вале ў хислате дошт, ки бо ҳар кас ҳамсўҳбат намешуд ва зиёд намегуфт. Аз ин рў шояд ба пештар рафтагон чизе нагуфта бошад. Ё шояд мусофир шуд, кушода гашта, ягон шингил ҳикоят карда бошад. Ниёзӣ кунҷков, ҳамаашро пурсида, мў ба мў мефаҳманд, сонӣ... Ту ҳам намегўйӣ, Лоиқ! Медонам хислати туро. Бадашро нагўйӣ ҳам, хубашро бигўй, то онҳо огоҳ гарданд, ки то куҷо расидаем. Албатта Икромӣ фикр мекунанд, ки ҳар сол як китоб мебароранд адибон, Миршакар умедвор, ки «Достони Ленин» менависанд шоирон, Муҳаммадиев хаёл доранд, ҳоло ҳам бо мушкилиҳо ягон-ягон сўйи Макка мефиристанд мусулмононро. Ба Қутбӣ ҳатман расон, ки Панҷакату Фарғар дар ҳавза мондааст, писар ба мурдайи падар расида наметавонад... Ба ту луқма доданам шарт нест, ҳамаашро худат медонӣ.
Лоиқ! Бигўй, ки ба озодӣ расидем. Ва соли дигар даҳсолагийи истиқлолиятро ҷашн мегирем. Ҳа, нагуфта намонад: онҳо низ озодиро дида буданд ва месурўданд: «Мустақил давлати тоҷикон барқарор шуд». Ҳоло мо месароем: «Зинда бош, эй ватан, Тоҷикистони озоди ман!» Бигўй, албатта расон, ки Тоҷикистон озод шуд. Озоди озод. Баъзеҳо аз мастӣ, бархе аз ноилоҷӣ, гурўҳе аз нодонӣ ҳар чӣ хоҳанд, мекунанд: ба хориҷаҳо мераванд; хоҳанд, бармегарданд, нахоҳанд, намеоянд. Аз деҳайи Бобойи Сафар наздик ба ҳафтсад нафар дар Русия кор мекунанд. Корҳойи олӣ не, корҳойи Одинавор. Аз Амондара ҳам рафтан доранд... Беҳуда мегўям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор