Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

«Ай Лоиқ! Медонӣ, пас чиҳо шуд? «Ту напурсу ман нагўям!»
Кирдорҳое шуд, ки рўй надорам, бигўям. Дар «мурдахона» боздоштанд туро. Зеро тамузи тобистон, ҳаво гарм, гўшт мегандад.
Ҳамаашро Соҳибу Шакарбек – меҳроби чиҳилу дуввуми Мазор (Ёдат ҳаст, ки дар ҷашни чиҳилсолагиаш ин ҳарфро гуфта будам?) ташкил карданд. Ях оварданд баройи Лоиқи сўхтаҷигар, андар иҳотааш гузоштанд, шамолдиҳаку бодбезакҳо кор карданд, то ту азоб накашӣ ва сўхтатар нагардӣ. Танҳо ман хидмат карда наметавонам. Зеро ту мурда найӣ, Лоиқ, мурда манам! Ман бояд аз номи ту миннатдорӣ кунам, лекин ба ман чунин ваколатро надоданд. Ман акнун дар мурдайи ту як нафар тамошобин. Киҳо ба ту чӣ хидмат мекунанд, ҳамаашро бояд бинам:
Хоҳарам Зебинисо нола мекунаду мегўяд, ки зудтар ҷанозаатро ба хона оранд, то шаби вопасин меҳмони хонайи хеш бошӣ. Ҳама аз дидорат сер шаванд. Вале аз омаданат овоза ҳасту дарак нест.
Мошинҳо рафтаанд. Меорандат. Оварданд.
Э Лоиқ-э! Ҳар гоҳ ба поят медаромадӣ ба хонаат, ин бор бо сарат омадӣ. Туро ба рўйи тахти равон бор карда оварданд ва миёни хонаат бар «маснади шоҳӣ» хобонданд. Манаҳат баста, нарангуштони пойҳоят баста, чашмонат пўшида, лабонат часпида.
Ранги коҳида дорӣ...
Э худо! Лоиқ ин хел набуд: чашмони дамида, лабони хандон, ранги гандумӣ дошт. Бардам, бақувват, ялосо буд.
Ҷони бародар! Чӣ шуд бо ту, якбора дигаргуна шудӣ: чашм пўшидӣ, то набинӣ; лаб дўхтӣ, то нагўйӣ. Саҳаргоҳ шитобон ба наздат омадам, ки ҳоли Сорро бигўямат... Дареғо!
Лоиқ! Чашм кушову бубин, ки Бибизаҳро чун менигаранд ба ту! Рў ба рўят. Даст пеши бар доранд. Ба назари ман ашк ҷорӣ мешавад аз ду чашмашон ва рўйи гилеми қолиро шуста мефарояд.
Ба марги шоҳписар мегиряд модар. Ту зиёд гиристӣ, Лоиқ! Ту зиёд сутудӣ, Лоиқ! Хостӣ воми фарзандӣ адо кунӣ, натавонистӣ.
Ба андешайи худат натавонистӣ. Вале мардум мегўянд, ки писар ҳамин қадар хидмат мекунад. Аммо ту мудом такрор мекардӣ:
«Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.»
Ёдат ҳаст, ки мо ба мурдайи модар дар шаби тор раҳгум зада, расида рафта будем? Не! Намегўм, Лоиқ! Ман туро бори дигар гирёндан намехоҳам... Гиристан навбати мо. Ту намебинӣ ашки моро; ашки модарро, ашки хоҳарро, ашки бародарро, ашки зану фаррзандро, ашки пайвандонро... ашки тоҷикро. Тоҷикистон нола дорад, аммо расонаҳо бепарвоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор