Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин рў фарзанди фарзонайи миллат ном бардошта буд.
Лоиқ чунин маргро орзу дошт: марги зебо, ки касеро ташвиш надиҳад ва ҷонзоде осебу озор набинад. Худованд бо чаҳор дасту пойи солим бигирад, то мурдаву зинда бойиси ҳарфи зиёд ва маломат нагардад. Ва аз модараш низ талаб карда буд, чунин дуо бидиҳадаш, дуое ки дар ду дунё дар намонад. (Дасти дуои модар) Армони ў чунин буд, ба муродаш расид. Аммо сахту пуралам аст моро. Бисёр чиз мехостем аз ў. Умеди зиёд доштем, ки ҳасрат ва аламу армони халқро то охир мегўяд ва мо мехонему менолем...
...вале ба ҷойи ин ҳама фарёд мезанем ва такрор мекунем фарёдҳойи бе фарёдраси ўро.
Китфонам ба бозӣ медароянд ва чун дастгоҳи равғанаш тамом гашта танам нимҷону ниммадор метапад, ки ҳолиё аз кор мемонда бошад. Мисли чароғи бобойӣ пилтасўз дуд мекунад, дард кашида мемирад. Вале Лоиқ мехост, ки ҳаммонанди чароғи барқ якбора бимирад...
«Худовандо! Акнун чӣ мешавад?»
Медонам, ки чизе тағйир намеёбад. Обҳойи рўдҳо чаппа намегарданд; бо маҷройи пешин мераванд. Офтобу моҳ нур мепошанд, ситораҳо чун ҳамеша равшанӣ медиҳанд, бод мевазад, борону барф меборад; мардумро ташвиш меоранд – ба назар камию костие намешавад... Рўзҳо мегузаранд – якранг мегузаранд, аммо ба назари мо, ки гуногун мегузаранд. Хуш мегузаранд, бад мегузаранд, тунд мегузаранд; якеро боло мебаранд, якеро паст мезананд... ҳама баройи фиреби назар, ки мо зиндагӣ мекунем; ба воя мерасем, камол меёбем, пир мешавем, ночору ноилоҷ мегардем, мўҳтоҷи касе мешавем... ва он гоҳ пушаймон мегардем аз кардаву нокардайи хеш, ки ҳеҷ будааст, пуч будааст; чизе набудааст бемаргу анўша. Чизе набудааст пойдор аз ҷондорон. Беҷонҳо пойдоранд ва ҷовидона, ки кас эҳтиёҷ дорад ба онҳо. Ба назар ҳама чиз барҷой. Лоиқ низ дар ҷойи хеш – рўйи тахт хуфта. Чунон хуфта, ки рўй пўшида. Аз шарми зиндагӣ ё аз дарди мурдагӣ, танҳо ў донад.
Имрўз Лоиқ кам мешавад, фардо ман кам мешавам, пасфардо онҳо кам мешаванд; ба ин сурат мегузаранд рўзҳо; ба д-ин сон мераванд асрҳову ҳазораҳо ва гирдгардон... Дар яке аз ин давраҳо Лоиқ боз меояд, аммо... аммо надонад дар он сурат ҳам, ки чӣ гуна мурда буд. Зеро мурдани ў муаммо бошад, тақрибан то садсолагиаш. Баъдан шояд ин муаммо ҳалли худро ёбад ва донандаҳо ба забон оянд, ки чун шуда буд.

«Мурд Муродӣ, на ҳамоно, ки мурд,
Марги чунин хоҷа на корест хурд.»

пешина
аз 428
навбатӣ